https://sputnik.tj/20210411/korhonai-5-milliondollarii-tavlidi-lift-obgarmkunak-hisobkunak-1035256164.html
Созиш барои бунёди корхонаи 5-миллиондолларии тавлиди лифту таҷҳизоти барқӣ дар Душанбе
Созиш барои бунёди корхонаи 5-миллиондолларии тавлиди лифту таҷҳизоти барқӣ дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Шараф Шерализода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа гуфт,
2021-04-11T12:58+0500
2021-04-11T12:58+0500
2021-04-11T13:00+0500
ҳамаи хабарҳо
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/03/1032203110_0:221:2857:1828_1920x0_80_0_0_1f4e514b73d73f9f062c70b12e86c450.jpg
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Шараф Шерализода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа гуфт, корхонаи мазкур дар маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Сино дар масооҳати 7 гектар бунёд мегардад. Таъкид шудааст, ки айни замон корҳои заминӣ ва бетонхобкунии таҳкурсиҳои коргоҳи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ ба охир расидааст. Дар маҷмӯъ, корҳои сохтмонӣ ҷиҳати мавриди истифода қарор додани корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ то моҳи сентябри соли 2022 пурра ба анҷом мерасанд, хабар навиштааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Шерализода. Ба иттилои муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ, дар раванди татбиқшавии лоиҳа ба иқтисодиёти кишвар 5 миллион доллари ИМА ворид гардида, баъд аз пурра ба фаъолият даромадани корхона 200 ҷойи кори доимӣ ташкил карда мешавад.Манбаъ афзуд, ки вобаста ба дархости фармоишгар ашёи хом аз Русия, давлатҳои Аврупо ва Чин дар назар аст. Аз шумораи умумии кормандон қариб 95 фоизро сокинони маҳаллӣ ташкил намуда, барои баланд бардоштани сатҳи тахассуснокӣ ва малакаи касбии мутахассисон дар назди корхона маркази омӯзишӣ ташкил карда мешавад, таъкид намуд Шерализода.
https://sputnik.tj/20210329/Sanoati-Khatlon-korkhona-tashkil-faoliyat-1033093370.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/03/1032203110_62:0:2793:2048_1920x0_80_0_0_c9d8ed428ff3e686f1ee889f05a8bc2d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, иқтисод
Созиш барои бунёди корхонаи 5-миллиондолларии тавлиди лифту таҷҳизоти барқӣ дар Душанбе
12:58 11.04.2021 (Навсозишуда: 13:00 11.04.2021) Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумат ва ҷамъияти “Тоҷикгидроэлектромонтаж” – ро ба тасвиб расонд, ки дар доираи он дар пойтахт корхонаи панҷмиллиондолларии истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Шараф Шерализода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа гуфт, корхонаи мазкур дар маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Сино дар масооҳати 7 гектар бунёд мегардад.
Дар корхона аз ҷумла коргоҳи коркард ва истеҳсоли конструксияҳои оҳании гуногун, коргоҳи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, хатҳои истеҳсоли обгармкунакҳои офтобӣ, лифтҳо, ҳисобкунакҳои барқӣ ва хомӯшкунакҳои автоматӣ сохта мешаванд
Шераф Шерализода
ноиби раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон
Таъкид шудааст, ки айни замон корҳои заминӣ ва бетонхобкунии таҳкурсиҳои коргоҳи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ ба охир расидааст. Дар маҷмӯъ, корҳои сохтмонӣ ҷиҳати мавриди истифода қарор додани корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ то моҳи сентябри соли 2022 пурра ба анҷом мерасанд, хабар навиштааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Шерализода.
Ба иттилои муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ, дар раванди татбиқшавии лоиҳа ба иқтисодиёти кишвар 5 миллион доллари ИМА ворид гардида, баъд аз пурра ба фаъолият даромадани корхона 200 ҷойи кори доимӣ ташкил карда мешавад.
Манбаъ афзуд, ки вобаста ба дархости фармоишгар ашёи хом аз Русия, давлатҳои Аврупо ва Чин дар назар аст. Аз шумораи умумии кормандон қариб 95 фоизро сокинони маҳаллӣ ташкил намуда, барои баланд бардоштани сатҳи тахассуснокӣ ва малакаи касбии мутахассисон дар назди корхона маркази омӯзишӣ ташкил карда мешавад, таъкид намуд Шерализода.