Кинотеатри "Вахш"-и Норак таҷдиду азнавсозӣ мешавад

© Пресс-служба мэрии города НурекЗдание кинотеатра "Вахш" города Нурек
Здание кинотеатра Вахш города Нурек - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри норак эълон кардааст, ки Кинотеатри "Вахш" аз ҳисоби соҳибкори маҳалӣ таҷдиду азнавсозӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 11 апрел - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомти шаҳри Норак санаи 7 апрели соли равон бо иқдому ташаббуси ободкоронаи соҳибкори маҳаллӣ Нуриддин Раҳимов корҳои таҷдиду азнавсозии кинотеатри "Вахш" оғоз гардид.
Манбаъ таъкид доштааст, ки кинотеатри мазкур аз солҳои 90-уми асри гузашта корношоям ва валангор гардида буд.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки бо пешниҳоди раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод соҳибкор Нуриддин Раҳимов ва якчанд соҳибкорони маҳаллӣ иқдом гирифтанд, ки то ҷашни миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатӣ иншооти мазкурро пурра таъмиру таҷдид намоянд.
Зубайдзода Файзулло Зубайд, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Тағйироти кадрӣ дар шаҳри Норак: Зубайдзода Файзулло вазифаи нав гирифт
Манбаъ зикр намудааст, ки ин соҳибкорон мехоҳанд ин бинои синаморо барқарор намоянд ва барои истифодабарӣ омода намоянд.
Ёдрас мешавем, ки дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давалтӣ бунёди 193 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Гуфта шудааст, ки дар соли 2021-ум ҳудуди 116 иншоот бояд сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Дар маҷмӯъ то фарорасии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр сохтмони 9 бинои маъмурӣ, 6 бинои таълимӣ, 7 адад иншооти табобатӣ, 10 адад иншооти варзишӣ, 8 адад иншооти фарҳангӣ ва боқимонда 153 адад иншооти дорои аҳамияти хизматрасонӣ-маишӣ, кишоварзӣ, фароғатию савдо ва саноатӣ дар нақша дошта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0