https://sputnik.tj/20210411/davati-sohibkoroni-afghon-ba-namoishgohi-tojikiston-2021--bahor-1035257136.html
Даъвати соҳибкорони афғон ба намоишгоҳи “Тоҷикистон 2021 – Баҳор”
Даъвати соҳибкорони афғон ба намоишгоҳи “Тоҷикистон 2021 – Баҳор”
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 10 апрел - Sputnik. Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед бо Ноиби президенти Федератсияи Палатаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории
2021-04-11T14:25+0500
2021-04-11T14:25+0500
2021-04-19T16:54+0500
иқтисод
осиёи марказӣ
ҳамкорӣ
тиҷорат
афғонистон
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032758413_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_5c34e72c1844a693f23c9b353fb5a183.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апрел - Sputnik. Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед бо Ноиби президенти Федератсияи Палатаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории Афғонистон ҷаноби Хон Ҷон Алокозай, намояндагони Палатаи тиҷоратӣ ва сармоягузории Афғонистон ва як гурӯҳ ҳайати соҳибкорон аз Афғонистон, мулоқот кард.Гуфта шудааст, ки бо таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ, мусоҳибон ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Щамзамон ҷонибҳо инчунин ҷанбаҳои муҳимтарини ҳамкориҳои байни палатаҳо, бахшҳои хусусӣ, намоишгоҳҳо ва бизнес - форумҳои соҳибкоронро баррасӣ намуданд. Роҳбари палатаи савдои Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки табодули иттилооти тиҷоратӣ, ташкили чорабиниҳои намоишӣ барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратии ду кишвар такони зарурӣ хоҳад бахшид.Бо истифода аз ин фурсат, Ҷумъахонзода Ҷамшед аз доираҳои тиҷоратии Афғонистон барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон 2021 – Баҳор”, ки баргузории он моҳи майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, даъват ба амал овард.
https://sputnik.tj/20210407/tojikiston-afghanistan-sanadi-hamkori-harakati-havoi-imzo-1034338825.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032758413_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_8df30236f251360c99d5b313e621dc3f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисод, осиёи марказӣ, ҳамкорӣ, тиҷорат, афғонистон, дар тоҷикистон
иқтисод, осиёи марказӣ, ҳамкорӣ, тиҷорат, афғонистон, дар тоҷикистон
Даъвати соҳибкорони афғон ба намоишгоҳи “Тоҷикистон 2021 – Баҳор”
14:25 11.04.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Мақомоти Тоҷикистон бар он аст, ки табодули иттилооти тиҷоратӣ, ташкили чорабиниҳои намоишӣ барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратии Афғонистону Тоҷикистон такони зарурӣ хоҳад бахшид
ДУШАНБЕ, 10 апрел - Sputnik. Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед бо Ноиби президенти Федератсияи Палатаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории Афғонистон ҷаноби Хон Ҷон Алокозай, намояндагони Палатаи тиҷоратӣ ва сармоягузории Афғонистон ва як гурӯҳ ҳайати соҳибкорон аз Афғонистон, мулоқот кард.
Гуфта шудааст, ки бо таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ, мусоҳибон ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.
Щамзамон ҷонибҳо инчунин ҷанбаҳои муҳимтарини ҳамкориҳои байни палатаҳо, бахшҳои хусусӣ, намоишгоҳҳо ва бизнес - форумҳои соҳибкоронро баррасӣ намуданд.
“Тоҷикистон ва Афғонистонро робитаҳо аз рӯи принсипҳои дар умум эътирофшуда, ҳамсоягии нек, таърихӣ ва фарҳангӣ ба ҳам мепайвандад. Ҳамкории палатаҳои савдо ва саноат, ҳамчун пайванди пайвастаи доираҳои тиҷоратӣ дар самти манфиатҳои асосӣ амал мекунад”, - қайд кардааст Раиси Палатаи савдо ва саноат Ҷумъахонзода Ҷамшед.
Роҳбари палатаи савдои Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки табодули иттилооти тиҷоратӣ, ташкили чорабиниҳои намоишӣ барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратии ду кишвар такони зарурӣ хоҳад бахшид.
Бо истифода аз ин фурсат, Ҷумъахонзода Ҷамшед аз доираҳои тиҷоратии Афғонистон барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон 2021 – Баҳор”, ки баргузории он моҳи майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, даъват ба амал овард.