https://sputnik.tj/20210411/chin-laghvi-tahrimho-amriko-iran-1035252159.html
Чин хостори лағви ҳамаи таҳримҳои Амрико бар зидди Эрон шуд
Чин хостори лағви ҳамаи таҳримҳои Амрико бар зидди Эрон шуд
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 11 апрел - Sputnik. Ахиран Ҳуа Чуниёнг дар паёмии тветтирӣ таъкид кард, ки Амрико бояд бидуни қайду шарт ба барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак (Барҷом)
2021-04-11T10:45+0500
2021-04-11T10:45+0500
2021-04-22T12:50+0500
дар ҷаҳон
эрон
осиёи марказӣ
таҳрим
чин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102232/39/1022323910_0:0:2859:1609_1920x0_80_0_0_cf674fcb15af5c4ec07b266a226f3275.jpg
ДУШАНБЕ, 11 апрел - Sputnik. Ахиран Ҳуа Чуниёнг дар паёмии тветтирӣ таъкид кард, ки Амрико бояд бидуни қайду шарт ба барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак (Барҷом) бозгардад ва ҳамаи таҳримҳои зидди Эронро бекор кунад ва дар ин сурат Эрон низ мутақобилан пойбандӣ ба Барҷомро аз сар мегирад, иттилоъ додааст сомонааи “Парстудей”.Инчунин манбаъ иттилоъ додааст, ки Яанг Қун, намояндаи Чин дар ожонси байналмиллалии энержии атомӣ пас аз поёни нишасти Комиссиюни муштараки Барҷом дар Вена ба хабарнигорон гуфта аст, ки ҳамаи тарафҳо ихтилофоти худро коҳиш додаанд ва мо шоҳиди иттифоқи назари қадам ба қадам барои эҳёи Барҷом ҳастем.Даври дувуми нишасти Комиссиюни муштараки Барҷом ахиран дар Вена пойтахти Австрия поён ёфт ва тавофуқ шуд, ки гуфтугуҳои тахассусӣ бо ҳадафи таҳияи феҳристи иқдомоти лозим барои рафъи таҳримҳо ва низ баҳси фаъолиятҳои ҳастаии Эрон бо ҳадафи эҳёи Барҷом ё тавофуқи ҳастаӣ идома ёбад.Лағви ҳамаи таҳримҳои Амрико зидди Эрон гоми зарурӣ дар масири эҳёи Барҷом аст ва Эрон пас аз он ки дар амал бекоршавии таҳримҳоро мушоҳида кард фаъолиятҳои ҳастаии ҷадиди худро мутаваққиф хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20210123/Iron-prezident-intikhob-1032679940.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102232/39/1022323910_6:0:2737:2048_1920x0_80_0_0_149d36eb3810236198a34f4bbd0a8668.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, эрон, осиёи марказӣ, таҳрим, чин
дар ҷаҳон, эрон, осиёи марказӣ, таҳрим, чин
Чин хостори лағви ҳамаи таҳримҳои Амрико бар зидди Эрон шуд
10:45 11.04.2021 (Навсозишуда: 12:50 22.04.2021) Сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Чин лағви фаврии ҳамаи таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эронро хостор шуд
ДУШАНБЕ, 11 апрел - Sputnik. Ахиран Ҳуа Чуниёнг дар паёмии тветтирӣ таъкид кард, ки Амрико бояд бидуни қайду шарт ба барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак (Барҷом) бозгардад ва ҳамаи таҳримҳои зидди Эронро бекор кунад ва дар ин сурат Эрон низ мутақобилан пойбандӣ ба Барҷомро аз сар мегирад, иттилоъ додааст сомонааи “Парстудей”.
Инчунин манбаъ иттилоъ додааст, ки Яанг Қун, намояндаи Чин дар ожонси байналмиллалии энержии атомӣ пас аз поёни нишасти Комиссиюни муштараки Барҷом дар Вена ба хабарнигорон гуфта аст, ки ҳамаи тарафҳо ихтилофоти худро коҳиш додаанд ва мо шоҳиди иттифоқи назари қадам ба қадам барои эҳёи Барҷом ҳастем.
Даври дувуми нишасти Комиссиюни муштараки Барҷом ахиран дар Вена пойтахти Австрия поён ёфт ва тавофуқ шуд, ки гуфтугуҳои тахассусӣ бо ҳадафи таҳияи феҳристи иқдомоти лозим барои рафъи таҳримҳо ва низ баҳси фаъолиятҳои ҳастаии Эрон бо ҳадафи эҳёи Барҷом ё тавофуқи ҳастаӣ идома ёбад.
Лағви ҳамаи таҳримҳои Амрико зидди Эрон гоми зарурӣ дар масири эҳёи Барҷом аст ва Эрон пас аз он ки дар амал бекоршавии таҳримҳоро мушоҳида кард фаъолиятҳои ҳастаии ҷадиди худро мутаваққиф хоҳад кард.