Шаш аломати хатарнок, ки бояд фавран ба духтур муроҷиат кард

© Sputnik / Амир ИсаевСкорая помощь в Душанбе
Скорая помощь в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Обуна шудан
Агар ин аломатҳо пайдо шаванд, шумо фавран бояд ба шифохона муроҷиат кунед: ташрифи ба таъхируфтода ба духтур метавонад ҳаёти шуморо барбод диҳад
ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Терапевти калон, директори Дирексияи ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои тиббии Раёсати тандурустии Маскав Алексей Безимянний нишонаҳоеро номбар кард, ки аломати ташрифи фаврӣ ба беморхона мебошанд.
Дар мусоҳиба бо РИА Новости, мутахассис гуфт, ки дар кадом ҳолат дахолати фаврии тиббӣ лозим аст.
Аввалин аломатҳои ташвишовар, ба гуфтаи Безимянний, баланд шудани фишори хун аст. Чун қоида, бисёриҳо ба он, инчунин ба дарди буғумҳо, инчунин эҳсоси зуд-зуд хастагӣ аҳамият намедиҳанд.
Таджикский праздничный стол - дастархан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Бидуни варзиш ва маҳдудиятҳо: се роҳи хӯрдан ва фарбеҳ нашудан
Бояд гуфт, агар қуввати кории одам ба таври назаррас коҳиш ёбад ва хотира бадтар шавад, бояд зуд ба духтур муроҷиат кард.
"Ҳеҷ гоҳ набояд инро таҳаммул кард, агар ягон нишонае ҳаст, ҳатман ба духтур муроҷиат кардан лозим аст", - таъкид кард Безимянний.
Вай қайд кард, ки ҳангоми ба амал омадани тағйирот дар тарзи ҳаёти маъмулӣ бояд ба пизишк муроҷиат кард.
Инҳо якбора кам шудани вазн ё афзоиши вазн, бехобӣ, рехтани мӯй, пайдошавии доғҳои пӯст ва дигар тағироти беруна мебошанд.
Иллюстрация идеи на планшете - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Кӣ донотар: мардон ё занон? натиҷаҳои таҳқиқот ҳайратоваранд
Коршинос гуфт, ки зардаҷӯшӣ ва эҳсоси нороҳатӣ дар меъда метавонад аз нашонаҳои хатарнок бошад.
Ба гуфти мутахассис, дар ҳолати дарди шадиди сар, дарди шадиди қафаси сина ва шикам бояд фавран ёрии таъҷилӣ даъват кард.
Лентаи хабарҳо
0