https://sputnik.tj/20210409/rahmon-ba-voruh-meravad-bo-mardum-suhbat-1035166049.html
Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух меравад ва бо мардум суҳбат мекунад
Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух меравад ва бо мардум суҳбат мекунад
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 9 апрел - Sputnik. Президенти Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ба деҳоти Ворухи шаҳри Исфара сафар мекунад.
2021-04-09T08:32+0500
2021-04-09T08:32+0500
2021-04-09T08:47+0500
дар тоҷикистон
президент
эмомалӣ раҳмон
ворух
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/07/1035072573_0:35:3077:1765_1920x0_80_0_0_7e4ff686994fc4b01dee4c342b225cc7.jpg
ДУШАНБЕ, 9 апрел - Sputnik. Президенти Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ба деҳоти Ворухи шаҳри Исфара сафар мекунад.Дар ин бора котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод. Интизор меравад, ки дар ин деҳот кишвардор аввал аз иншоот боздид карда ва баъдан бо сокинони маҳаллӣ суҳбат кунад.Ҳамчунин прездиент аз Боғи интенсивӣ, Парчами миллӣ, маркази хизматрасонӣ, коргоҳи дӯзандагию қаннодӣ боздид карда дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг ширкат мекунад.Хабари сафари президент ба ҷамоати деҳоти Ворух дар ҳолест, ки дубора номи ин минтақа дар робита бо қазияи марзӣ бо Қирғизистон дар сархатти хабарҳову постҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарор мегирад.Ёдрас мешавем, пештар як изҳороти раиси Кумитаи давлатии амниятии миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар бораи мубодилаи Ворух бо Қирғизистон боиси вокуниши шадиди тоҷикистониён гардид."Мо омодаем Ворухро иваз кунем. Агар онҳо ҳудуди онро дар ихтиёри мо бигузоранд, ки 12 ҳазор ҳектор аст, мо ҳам омодаем 12 ҳазор гектарро дар ноҳияҳои дигари вилояти Бодканд бидиҳем. Мо ҳатто рӯйхати ин мавзеъҳоро додем. Вале ҷониби Тоҷикистон то кунун посух надодааст", - изҳор дошт ӯ.Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ корбарон флешмоб ташкил кардаву менависанд, "Ворух аз мост ва ба касе намедиҳем".Дар посух ба ӯ Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни як матлаб дар сафҳаи фейсбукиаш ҳарфҳои Тошиевро сафсата хонда, гуфтааст, ки мо даъвои қаламрави бегонаро надорем, аммо порае аз замини худро низ намедиҳем.“Бар асоси бархе санадҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҷуғрофӣ қаламрави Ворух ҳеч гоҳ анклав набудааст ва танҳо замони шӯравӣ бархе кӯчманчиёни қирғизро ба чарогоҳҳои Тоҷикистон роҳ дода буданд, ки баъдан дар он ҷо маскан шудаанду дар ҳамдигарфаҳмӣ бо бародарони тоҷикашон иқомат кардаанд”, - навиштааст Зарифӣ.Вай гуфтааст, гап сари баргардондани заминҳо ба Тоҷикистон намеравад, танҳо санадҳои ҳуқуқиро бояд эътироф кард.“Набояд ба тоҷикон заминашонро ба ивази заминашон пешниҳод кард”, - изҳор доштааст собиқ вазири умури хориҷӣ.Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз мақомоти Суғд дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки сафари президент ба изҳороти ҷониби Қирғизистон иртиботе надорад ва он дар чорчӯбаи нақшаи сафару боздидҳои раисҷумҳури кишвар аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аст.Ӯ таъкид кард, ки Ворух таҳти таваҷҷуҳи роҳбари давлат қарор дорад ва қарор дошт. Охирон сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аввалҳои соли 2021, моҳи феврал сурат гирифта буд.Талоши оромии марз: раиси нави Исфара гуфт як рӯзи ҳафтаи корияшро дар Ворух мегузаронадПрезидент дар ҳошияи ин сафар аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Гулистон дидан карда буд.
https://sputnik.tj/20210405/Tabiati-zeboi-Vorukh-1033131104.html
https://sputnik.tj/20210407/emomali-rahmon-sugd-vorux-1034312452.html
https://sputnik.tj/20210403/Azizzoda-vazir-Khujand-Vorukh-1033129488.html
ворух
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/07/1035072573_134:0:2863:2047_1920x0_80_0_0_eb5981c9236a9b3eb74a87df49112f5d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ворух, президент, сафар, суҳбат бо мардум
ворух, президент, сафар, суҳбат бо мардум
Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух меравад ва бо мардум суҳбат мекунад
08:32 09.04.2021 (Навсозишуда: 08:47 09.04.2021) Президенти Тоҷикистон дар идомаи сафари кории худ дар вилояти Суғд, аз деҳоти Ворухи шаҳри Исфара боздид мекунад
ДУШАНБЕ, 9 апрел - Sputnik. Президенти Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ба деҳоти Ворухи шаҳри Исфара сафар мекунад.
Дар ин бора котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба
Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Интизор меравад, ки дар ин деҳот кишвардор аввал аз иншоот боздид карда ва баъдан бо сокинони маҳаллӣ суҳбат кунад.
Ҳамчунин прездиент аз Боғи интенсивӣ, Парчами миллӣ, маркази хизматрасонӣ, коргоҳи дӯзандагию қаннодӣ боздид карда дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг ширкат мекунад.
Хабари сафари президент ба ҷамоати деҳоти Ворух дар ҳолест, ки дубора номи ин минтақа дар робита бо қазияи марзӣ бо Қирғизистон дар сархатти хабарҳову постҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарор мегирад.
Ёдрас мешавем, пештар як изҳороти раиси Кумитаи давлатии амниятии миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар бораи мубодилаи Ворух бо Қирғизистон боиси вокуниши шадиди тоҷикистониён гардид.
"Мо омодаем Ворухро иваз кунем. Агар онҳо ҳудуди онро дар ихтиёри мо бигузоранд, ки 12 ҳазор ҳектор аст, мо ҳам омодаем 12 ҳазор гектарро дар ноҳияҳои дигари вилояти Бодканд бидиҳем. Мо ҳатто рӯйхати ин мавзеъҳоро додем. Вале ҷониби Тоҷикистон то кунун посух надодааст", - изҳор дошт ӯ.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ корбарон флешмоб ташкил кардаву менависанд,
"Ворух аз мост ва ба касе намедиҳем".
Дар посух ба ӯ Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни як матлаб дар сафҳаи фейсбукиаш ҳарфҳои Тошиевро сафсата хонда, гуфтааст, ки мо даъвои қаламрави бегонаро надорем, аммо порае аз замини худро низ намедиҳем.
“Бар асоси бархе санадҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҷуғрофӣ қаламрави Ворух ҳеч гоҳ анклав набудааст ва танҳо замони шӯравӣ бархе кӯчманчиёни қирғизро ба чарогоҳҳои Тоҷикистон роҳ дода буданд, ки баъдан дар он ҷо маскан шудаанду дар ҳамдигарфаҳмӣ бо бародарони тоҷикашон иқомат кардаанд”, - навиштааст Зарифӣ.
Вай гуфтааст, гап сари баргардондани заминҳо ба Тоҷикистон намеравад, танҳо санадҳои ҳуқуқиро бояд эътироф кард.“Набояд ба тоҷикон заминашонро ба ивази заминашон пешниҳод кард”, - изҳор доштааст собиқ вазири умури хориҷӣ.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз мақомоти Суғд дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки сафари президент ба изҳороти ҷониби Қирғизистон иртиботе надорад ва он дар чорчӯбаи нақшаи сафару боздидҳои раисҷумҳури кишвар аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аст.
Ӯ таъкид кард, ки Ворух таҳти таваҷҷуҳи роҳбари давлат қарор дорад ва қарор дошт.
"Сафаре, ки президент дар соли 2019 ба Ворух анҷом дод, аллакай маънои онро дошт, ки Ворух соҳиб дорад ва ин боздид дар пасманзири изҳоротҳои ахир дар мавриди Ворух нест", - таъкид кард вай.
Охирон сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аввалҳои соли 2021, моҳи феврал сурат гирифта буд.
Президент дар ҳошияи ин сафар аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Гулистон дидан карда буд.