https://sputnik.tj/20210407/emomali-rahmon-sugd-vorux-1034312452.html
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд оғоз шуд: ба Ворух ҳам меравад
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд оғоз шуд: ба Ворух ҳам меравад
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар субҳи имрӯз бо як сафари расмӣ вориди вилояти Суғд гашт.
2021-04-07T09:23+0500
2021-04-07T09:23+0500
2021-04-07T13:52+0500
рахмон
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/02/1032744935_0:0:2752:1547_1920x0_80_0_0_56f365e807307c9714ad128986e8a3f2.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар субҳи имрӯз бо як сафари расмӣ вориди вилояти Суғд гашт.Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз, мулоқоту суҳбат бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба вилояти Суғд сафар кардааст.Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулону намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ истиқбол гирифтанд.Дар доираи ин сафар, қарор аст президент корхонаву биноҳои навсохтро ба муносибати 30-солагии истиқлолияти кишвар ифтитоҳ намояд.Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар бо аҳолии маҳаллӣ ва фаъолони вилоят дидору мулоқот кунад.Манбаъ мегӯяд, қарор аст раисиҷумҳур корхонаву биноҳои навро дар шаҳри Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода диҳад.Дар доираи ин сафар ҳамзамон президенти кишвар аз шаҳри Исфара ва ҷамоати деҳоти Ворух дидан хоҳад кард.Хабари сафари президент ба ҷамоати деҳоти Ворух дар ҳолест, ки дубора номи ин минтақа дар робита бо қазияи марзӣ бо Қирғизистон дар сархатти хабарҳову постҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарор мегирад.Ёдрас мешавем, пештар як изҳороти раиси Кумитаи давлатии амниятии миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар бораи мубодилаи Ворух бо Қирғизистон боиси вокуниши шадиди тоҷикистониён гардид.
https://sputnik.tj/20210331/rahmon-vorukh-safar-tojikiston-1033107932.html
https://sputnik.tj/20210404/Vorukh-sobiq-rais-Sudi-Oli-zanozan-iztirori-guzash-guft-1033131118.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/02/1032744935_0:0:2440:1830_1920x0_80_0_0_75c0da2764e2a7a797185c14ef75b58a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рахмон, суғд
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар субҳи имрӯз бо як сафари расмӣ вориди вилояти Суғд гашт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз, мулоқоту суҳбат бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба вилояти Суғд сафар кардааст.
Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулону намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ истиқбол гирифтанд.
Дар доираи ин сафар, қарор аст президент корхонаву биноҳои навсохтро ба муносибати 30-солагии истиқлолияти кишвар ифтитоҳ намояд.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар бо аҳолии маҳаллӣ ва фаъолони вилоят дидору мулоқот кунад.
Манбаъ мегӯяд, қарор аст раисиҷумҳур корхонаву биноҳои навро дар шаҳри Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода диҳад.
Дар доираи ин сафар ҳамзамон президенти кишвар аз шаҳри Исфара ва ҷамоати деҳоти Ворух дидан хоҳад кард.
Дар Ворух ифтитоҳи як силсила иншоотҳои фарҳангиву иҷтимоӣ, аз ҷумла Парчам, Қасри фарҳанг, мактаб, майдончаҳои варзишӣ, боғҳои интенсивӣ ва хатҳои оби нушокӣ барои 9 ҳазор нафар дар маҳаллҳои Тоҷикон ва Сангтуда дар назар аст", - гуфт дафтари матбуоти президент.
Хабари сафари президент ба ҷамоати деҳоти Ворух дар ҳолест, ки дубора номи ин минтақа дар робита бо қазияи марзӣ бо Қирғизистон дар сархатти хабарҳову постҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарор мегирад.
Ёдрас мешавем, пештар як изҳороти раиси Кумитаи давлатии амниятии миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар бораи мубодилаи Ворух бо Қирғизистон боиси вокуниши шадиди тоҷикистониён гардид.