https://sputnik.tj/20210409/parvanda-raisi-tojikobod-sharik-zaminfurushi-1035173069.html
Парванда алайҳи раиси Тоҷикобод барои заминфурӯшӣ
Парванда алайҳи раиси Тоҷикобод барои заминфурӯшӣ
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса муайян намудаанд, ки раиси 56-солаи ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш тариқи маслиҳати пешакӣ
2021-04-09T12:36+0500
2021-04-09T12:36+0500
2021-04-19T16:46+0500
боздошт
тафтиши парванда
заминфурӯшӣ
парванда
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101445/40/1014454031_0:25:1600:925_1920x0_80_0_0_536928cb341d687caa9e2a3455d14d6c.jpg
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса муайян намудаанд, ки раиси 56-солаи ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш тариқи маслиҳати пешакӣ бо марди дигар, ба сокини ҷамоати мазкур замин фурӯхтааст. ВУД мегӯяд, айбдоршавандаҳо аз сокини ҷамоат барои 8 ҳисса замин 3600 доллари амрикоӣ гирифтаанд. “Муайян карда шуд, ки марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш, ҷойи кораш раиси ҷамоати деҳоти мазкур, тахминан моҳи октябри соли 2015, бо маслиҳати пешакӣ бо марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти зикргардида бо роҳи фиреб ба боварии марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 3 ҳазору 600 доллари амрикоӣ гирифтаанд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД. Таъкид шудааст, ки ба ивази ин маблағ аз заминҳои корами обӣ, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тоҷикобод, 0,08 га қитъаи заминро ҳамчун замини наздиҳавлигӣ додаанд. Ба иттилои ВУД, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, феълан тафтишоти он идома дорад. Назари бевоситаи худи айбдоршаванда дар бораи айбҳои эълонкардаи мақомот феълан маълум нест.
https://sputnik.tj/20210206/mansabdor-maqomdor-zaminfurush-1032774702.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101445/40/1014454031_284:0:1517:925_1920x0_80_0_0_027c28faab47e1d0ccd166f11f91c99b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт, тафтиши парванда, заминфурӯшӣ, парванда, ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
боздошт, тафтиши парванда, заминфурӯшӣ, парванда, ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
Парванда алайҳи раиси Тоҷикобод барои заминфурӯшӣ
12:36 09.04.2021 (Навсозишуда: 16:46 19.04.2021) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи раиси ҷамоати деҳоти Тоҷикобод барои заминфурӯшӣ хабар додааст
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса муайян намудаанд, ки раиси 56-солаи ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш тариқи маслиҳати пешакӣ бо марди дигар, ба сокини ҷамоати мазкур замин фурӯхтааст.
ВУД мегӯяд, айбдоршавандаҳо аз сокини ҷамоат барои 8 ҳисса замин 3600 доллари амрикоӣ гирифтаанд.
“Муайян карда шуд, ки марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш, ҷойи кораш раиси ҷамоати деҳоти мазкур, тахминан моҳи октябри соли 2015, бо маслиҳати пешакӣ бо марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти зикргардида бо роҳи фиреб ба боварии марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 3 ҳазору 600 доллари амрикоӣ гирифтаанд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Таъкид шудааст, ки ба ивази ин маблағ аз заминҳои корами обӣ, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тоҷикобод, 0,08 га қитъаи заминро ҳамчун замини наздиҳавлигӣ додаанд.
Ба иттилои ВУД, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, феълан тафтишоти он идома дорад.
Назари бевоситаи худи айбдоршаванда дар бораи айбҳои эълонкардаи мақомот феълан маълум нест.