https://sputnik.tj/20210206/mansabdor-maqomdor-zaminfurush-1032774702.html
Ҷазои қариб 300 мансабдор: мақомдорони кадом ниҳодҳо заминфурӯшӣ кардаанд?
Ҷазои қариб 300 мансабдор: мақомдорони кадом ниҳодҳо заминфурӯшӣ кардаанд?
Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта наздики 300 мансабдорро барои додугирифти ғайриқонунии замин ҷазо додаанд 06.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-06T18:33+0500
2021-02-06T18:33+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
мансабдор
заминфурӯшӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102811/27/1028112761_0:5:1600:905_1920x0_80_0_0_3aafec65e98ef94b84afcc5d173190e8.jpg
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, барои ғайриқонунӣ додан, харидуфурӯши замин ва сохтакории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин нисбати 296 нафар шахсони мансабдор парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.Манбаъ афзуд, ки қисми зиёди онҳо заминсозҳои ҷамоатҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ будаанд.“Аз ҷумла нисбати 22 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, 27 кормандони сохторҳои Кумитаи идораи замин ва геодезӣ, 49 кормандони корхонаҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, 43 раисони ҷамоатҳо, 77 муҳандис-заминсозони ҷамоатҳо ва 77 нафар роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, гунаҳгорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд”, - омадааст дар иттилоия.Дар кори раисони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон прокурорҳо асосан аз тасмимҳояшон дар мавриди тақсими замин норозӣ будаанд.Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, ба қарорҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо1055 эътироз оварда шудааст, ки 865 адад ё 82 дарсади эътирозҳо ба қонунгузории замин рабт доранд.Барои муқоиса таъкид шудааст, ки соли 2019 ҳудуди 874 эътироз ба қарори раисони шаҳру навоҳӣ оварда шуд, ки 682 адад ва ё 78 фоизи онҳо вобаста ба қонунгузории замин мебошанд.
https://sputnik.tj/20210206/raisi-Kumita-davlat-Prezident-1032773724.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102811/27/1028112761_194:0:1406:909_1920x0_80_0_0_68b9a60c05c3d52bd73d79b3330b68a0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, мансабдор, заминфурӯшӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, мансабдор, заминфурӯшӣ
Ҷазои қариб 300 мансабдор: мақомдорони кадом ниҳодҳо заминфурӯшӣ кардаанд?
18:33 06.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта наздики 300 мансабдорро барои додугирифти ғайриқонунии замин ҷазо додаанд
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, барои ғайриқонунӣ додан, харидуфурӯши замин ва сохтакории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин нисбати 296 нафар шахсони мансабдор парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.
Манбаъ афзуд, ки қисми зиёди онҳо заминсозҳои ҷамоатҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ будаанд.
“Аз ҷумла нисбати 22 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, 27 кормандони сохторҳои Кумитаи идораи замин ва геодезӣ, 49 кормандони корхонаҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, 43 раисони ҷамоатҳо, 77 муҳандис-заминсозони ҷамоатҳо ва 77 нафар роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, гунаҳгорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд”, - омадааст дар иттилоия.
Дар кори раисони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон прокурорҳо асосан аз тасмимҳояшон дар мавриди тақсими замин норозӣ будаанд.
Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, ба қарорҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо1055 эътироз оварда шудааст, ки 865 адад ё 82 дарсади эътирозҳо ба қонунгузории замин рабт доранд.
Барои муқоиса таъкид шудааст, ки соли 2019 ҳудуди 874 эътироз ба қарори раисони шаҳру навоҳӣ оварда шуд, ки 682 адад ва ё 78 фоизи онҳо вобаста ба қонунгузории замин мебошанд.