https://sputnik.tj/20210211/kiho-huquqi-uburi-marzi-qirgizistonro-dorand-1032804668.html
Давлатзода вазъи марз бо Қирғизистонро шарҳ дод: ӯ гуфт, киҳо ҳуқуқи убури марзро доранд
Давлатзода вазъи марз бо Қирғизистонро шарҳ дод: ӯ гуфт, киҳо ҳуқуқи убури марзро доранд
Sputnik Тоҷикистон
Зафарбек Давлатзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вазъи марз бо Қирғизистонро шарҳ дод 11.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-11T10:38+0500
2021-02-11T10:38+0500
2021-04-19T16:54+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
бобоҷон ғафуров
вазъ
марз
қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032802261_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_32d581e83604d4c44f212575b96342d3.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев – Sputnik. Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ дар бораи вазъи сарҳад таъкид кард. Ӯ гуфт, ҳоло вазъи марз бо кишвари Қирғизистон ором аст.Бино ба иттилои Давлатзода ду ҷамоати калонтарини ноҳия Хистеварз ва Овчӣ-Қалъача бо деҳоти Қирғизистон ҳамсарҳад мебошанд. Хистеварз 22, 5 ва Овчӣ – Қалъача 18, 4 километр бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон сарҳад доранд.Зимнан бо сабаби хуруҷи пандемияи каронавирус 34 гузургоҳҳои хурду бузург, ки дар сарҳади миёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон мавҷуданд бастаанд.Тобистони соли гузашта мақомоти ноҳия дар роҳи муҳофизати сокинон аз сирояти "вируси корона" ва пешгирӣ аз вуруди ғайриқонунӣ шаҳрвандони ҳамсоякишвар дар ҳар кадом чунин гузаргоҳҳо хандақ (траншек) кофта, роҳҳоро баста карданд.Ҷониби Қирғизистон ҳам дар пайи роҳандозии тадбирҳои пешгирикунанда аз бемории ҳамагир фурӯши маводи сӯхт аз тариқи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, ки дар канори роҳи ноҳияи Б. Ғафуров – Конибодом ҷойгиранд барои шаҳрвандони дигар кишварҳо манъ намуд.Коршинос дар бораи зарфиятҳои Ҷабборов барои ҳалли масоили марзӣ бо ТоҷикистонЗафарбек Давлатзода гуфт, ҳоло гузаштани шаҳрвандон аз сарҳад ба амри зарурат имкон дорад, агар барои он коммисияи наздиҳукуматӣ рухсат диҳад."Барои ба вуҷуд омадани масъалаҳои муҳими ҳаётӣ, масалан барои табобат, шаҳрвандон расман аз марз гузашта метавонанд, барои ин иҷозаи комиссияи байниҳукумате, ки таъсис дода шудааст лозим аст", - гуфт Давлатзода.
https://sputnik.tj/20210210/posukh-vud-tojikiston-diplomato-kiqriz-1032792899.html
бобоҷон ғафуров
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032802261_182:0:2913:2048_1920x0_80_0_0_7610f3bb3bac8b11d488275aa4dcf980.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, бобоҷон ғафуров, вазъ, марз, қирғизистон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, бобоҷон ғафуров, вазъ, марз, қирғизистон
Давлатзода вазъи марз бо Қирғизистонро шарҳ дод: ӯ гуфт, киҳо ҳуқуқи убури марзро доранд
10:38 11.02.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Зафарбек Давлатзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вазъи марз бо Қирғизистонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 11 фев – Sputnik. Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ дар бораи вазъи сарҳад таъкид кард. Ӯ гуфт, ҳоло вазъи марз бо кишвари Қирғизистон ором аст.
"Ҳоло вазъи сарҳад муътадил аст ва ҳеҷ проблема вуҷуд надорад. Марз таҳти назорати мақомотҳои давлатии ҳарду ҷониб қарор дорад", - гуфт раиси ноҳия.
Бино ба иттилои Давлатзода ду ҷамоати калонтарини ноҳия Хистеварз ва Овчӣ-Қалъача бо деҳоти Қирғизистон ҳамсарҳад мебошанд. Хистеварз 22, 5 ва Овчӣ – Қалъача 18, 4 километр бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон сарҳад доранд.
Зимнан бо сабаби хуруҷи пандемияи каронавирус 34 гузургоҳҳои хурду бузург, ки дар сарҳади миёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон мавҷуданд бастаанд.
Тобистони соли гузашта мақомоти ноҳия дар роҳи муҳофизати сокинон аз сирояти "вируси корона" ва пешгирӣ аз вуруди ғайриқонунӣ шаҳрвандони ҳамсоякишвар дар ҳар кадом чунин гузаргоҳҳо хандақ (траншек) кофта, роҳҳоро баста карданд.
Ҷониби Қирғизистон ҳам дар пайи роҳандозии тадбирҳои пешгирикунанда аз бемории ҳамагир фурӯши маводи сӯхт аз тариқи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, ки дар канори роҳи ноҳияи Б. Ғафуров – Конибодом ҷойгиранд барои шаҳрвандони дигар кишварҳо манъ намуд.
Зафарбек Давлатзода гуфт, ҳоло гузаштани шаҳрвандон аз сарҳад ба амри зарурат имкон дорад, агар барои он коммисияи наздиҳукуматӣ рухсат диҳад.
"Барои ба вуҷуд омадани масъалаҳои муҳими ҳаётӣ, масалан барои табобат, шаҳрвандон расман аз марз гузашта метавонанд, барои ин иҷозаи комиссияи байниҳукумате, ки таъсис дода шудааст лозим аст", - гуфт Давлатзода.