https://sputnik.tj/20210409/halokati-mardi-rus-zeri-charhi-moshin-dar-dushanbe-1035168775.html
Ҳалокати сокини шаҳри Хоруғ, зери чархи “Мерседес-Бенс” дар Душанбе
Ҳалокати сокини шаҳри Хоруғ, зери чархи “Мерседес-Бенс” дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар пайи ин садамаҳо ду пиёдагард ҷони худро аз даст додааст.
2021-04-09T11:34+0500
2021-04-09T11:34+0500
2021-07-07T18:30+0500
душанбе
садамаи нақлиётӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102652/28/1026522829_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_9dcd22aa939d1627e2f5f1ecd4906b3b.jpg
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар пайи ин садамаҳо ду пиёдагард ҷони худро аз даст додааст.Гуфта мешавад, ки садамаи аввалӣ шаби 7-уми апрел, тахминан соати 21:20-дақиқа рух додааст.Бино ба гузориши манбаъ, ронандаи худрави тамғаи “БМВ”, Абдуғаниев Охунҷон Ҳусейнович, сокини 20 - солаи ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён будааст.Ӯ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба шаҳри Бохтар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Расулов Сафаралӣ Маҳмадхоновичи 43 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросонро, ки аз тарафи чап ба канори рости роҳ мегузашт, пахш намудааст."Дар натиҷа, пиёдагард Расулов С.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадаатс дар хабарнома.Ҳамчунин шаби ҳамон рӯз, 7-уми апрел, тахминан соати 23:50-дақиқа, ронандаи “Мерседес-Бенс”, Гулов Абдуҷабор Ҳомидович, сокини 25 - солаи пойтахт, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти кӯчаи Д. Халқҳо ба самти кӯчаи А. Дониши ноҳияи Шоҳмансур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.Дар ҳамин ҳол ронанда, пиёдагард Горботенко Олег Анатолиевич, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Хоруғро пахш намудааст."Дар натиҷа, пиёдагард Горботенко О.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадаатс дар хабарнома.Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210405/dukhtarchai-10-sola-Vose-jon-bokht-1033132796.html
https://sputnik.tj/20210401/Sharh-VKD-sadamai-margbor-naqbi-Istiqlol-1033112628.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102652/28/1026522829_112:0:1000:666_1920x0_80_0_0_cf64a7608da3859692c233c0652807bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, садамаи нақлиётӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
душанбе, садамаи нақлиётӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Ҳалокати сокини шаҳри Хоруғ, зери чархи “Мерседес-Бенс” дар Душанбе
11:34 09.04.2021 (Навсозишуда: 18:30 07.07.2021) Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор хабар медиҳад, ки яке дар шаҳри Душанбе ва дуюмӣ дар ноҳияи Вахш рух додааст
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар пайи ин садамаҳо ду пиёдагард ҷони худро аз даст додааст.
Гуфта мешавад, ки садамаи аввалӣ шаби 7-уми апрел, тахминан соати 21:20-дақиқа рух додааст.
Бино ба гузориши манбаъ, ронандаи худрави тамғаи “БМВ”, Абдуғаниев Охунҷон Ҳусейнович, сокини 20 - солаи ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён будааст.
Ӯ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба шаҳри Бохтар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Расулов Сафаралӣ Маҳмадхоновичи 43 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросонро, ки аз тарафи чап ба канори рости роҳ мегузашт, пахш намудааст.
"Дар натиҷа, пиёдагард Расулов С.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадаатс дар хабарнома.
Ҳамчунин шаби ҳамон рӯз, 7-уми апрел, тахминан соати 23:50-дақиқа, ронандаи “Мерседес-Бенс”, Гулов Абдуҷабор Ҳомидович, сокини 25 - солаи пойтахт, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти кӯчаи Д. Халқҳо ба самти кӯчаи А. Дониши ноҳияи Шоҳмансур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Дар ҳамин ҳол ронанда, пиёдагард Горботенко Олег Анатолиевич, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Хоруғро пахш намудааст.
"Дар натиҷа, пиёдагард Горботенко О.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадаатс дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.