Садамаи маргбор: духтарчаи 10 - сола дар Восеъ зери чархи "Опел-Астра" ҷон бохт

© Sputnik / Табылды КадырбековДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи нақлиётие хабар медиҳад, ки дар паи он духтарчаи ноболиғ ҷон бохт
ДУШАНБЕ, 5 апрел - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохила, ин ҳодисаи нохуш нисфирӯзии 3 -юми апрел соати 12:30 ба вуқӯъ пайвастааст.
Здание министерства внутренних дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Шарҳи ВКД дар бораи садамаи маргбор дар даромадгоҳи нақби “Истиқлол”
Гуфта мешавад, ки ин садама бо ширкати ронандаи худрави тамғаи "Опел-Астра", сокини 30 - солаи ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ - Самарддини Сангмад Ҷаёбизода, рух додааст.
Ӯ ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ховалинг ба сӯи ноҳияи Восеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти М. Вайсови ҳамин ноҳия, ба садама дучор шуд.
Мошини ҳомили 5 донишҷӯ дар Варзоб ба автомашинаи боркаш бархӯрд
Тибқи иттилои манбаъ, ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагарди ноболиғ, Изатуллоева Асмоа Кароматуллоевна, сокини 10 - солаи ҷамоати деҳоти М. Вайсовро пахш намудааст.
"Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Изатуллоева А.К. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0