https://sputnik.tj/20210409/fsb-du-shahrvandi-rusiya-hamla-qrim-1035177362.html
ФСБ ду шаҳрванди Русияро, барои қасди ҳамлаи террористӣ дар Қрим боздошт кард
ФСБ ду шаҳрванди Русияро, барои қасди ҳамлаи террористӣ дар Қрим боздошт кард
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 9 апрел - Sputnik. ФСБ фаъолияти ду исломгароро, ки қасди ҳамлаи террористӣ дар як мактаб дар Симферополро доштанд, пешгирӣ кард.Дар ин бора аз
2021-04-09T14:10+0500
2021-04-09T14:10+0500
2021-04-23T16:11+0500
таркиш
фсб
қрим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0c/1032990639_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_cd46807b6bdebd52e138031f06ebcdb5.jpg
ДУШАНБЕ, 9 апрел - Sputnik. ФСБ фаъолияти ду исломгароро, ки қасди ҳамлаи террористӣ дар як мактаб дар Симферополро доштанд, пешгирӣ кард.Дар ин бора аз хадамоти матбуотии ниҳоди зиддахл хабар доданд. Тибқи маълумот, ду шаҳрванди 29 ва 22-сола ба манфиати ташкилоти террористии мамнӯъ дар Русия - Ҳаёт Таҳрир аш-Шом (собиқ Ҷабҳат-ан-Нусра), фаъолият мекарданд. Боздоштшудаҳо нақша доштаанд, ки яке аз муассисаҳои таълимии Симферополро тарконанд. ФСБ қайд кард, ки пас аз ҳамлаи террористӣ, ин ду ҷавон мехостанд ба Украина фирор кунанд ва сипас ба Сурия раванд. Дар Сурия онҳо нақша доштанд, ки ба сафи ҷангиён шомил шаванд.Дар робита ба таблиғи фаъолияти террористӣ, таблиғи терроризм ва сохтани ғайриқонунии бомбаҳо алайҳи ин ду гумонбаршаванда, парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд. ФСБ иттилоот дар бораи муассисаи таълимие, ки нақша буд дар он ҳамла тарҳрезӣ кунанд, ифшо намекунад. Маълум аст, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойҳои истиқомати ҷинояткорон кофтукоб гузаронидаанд. Ҳангоми амалиёт маводи тарканда ва дигар ҷузъҳои бомбаҳои худсохт мусодира карда шуданд. Ғайр аз ин, нерӯҳои амниятӣ дастур ва мукотиба бо эмиссарҳои террористонро пайдо кардаанд.
https://sputnik.tj/20210218/terrorist-bozdosht-rusiya-1032850125.html
https://sputnik.tj/20210127/FSB-terroriston-Kaluga-bozdosht-video-1032706898.html
қрим
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0c/1032990639_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_78e009053a2cea509d0d7d22ccfe69cb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таркиш, фсб, қрим
ФСБ ду шаҳрванди Русияро, барои қасди ҳамлаи террористӣ дар Қрим боздошт кард
14:10 09.04.2021 (Навсозишуда: 16:11 23.04.2021) Дар Қрим ду шаҳрванди Русия аз ҷониби кормандони Хадамоти федеролии амнияти Русия боздошт шуданд
ДУШАНБЕ, 9 апрел - Sputnik. ФСБ фаъолияти ду исломгароро, ки қасди ҳамлаи террористӣ дар як мактаб дар Симферополро доштанд, пешгирӣ кард.Дар ин бора аз хадамоти матбуотии ниҳоди зиддахл хабар доданд.
Тибқи маълумот, ду шаҳрванди 29 ва 22-сола ба манфиати ташкилоти террористии мамнӯъ дар Русия - Ҳаёт Таҳрир аш-Шом (собиқ Ҷабҳат-ан-Нусра), фаъолият мекарданд.
Боздоштшудаҳо нақша доштаанд, ки яке аз муассисаҳои таълимии Симферополро тарконанд. ФСБ қайд кард, ки пас аз ҳамлаи террористӣ, ин ду ҷавон мехостанд ба Украина фирор кунанд ва сипас ба Сурия раванд. Дар Сурия онҳо нақша доштанд, ки ба сафи ҷангиён шомил шаванд.
Дар робита ба таблиғи фаъолияти террористӣ, таблиғи терроризм ва сохтани ғайриқонунии бомбаҳо алайҳи ин ду гумонбаршаванда, парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд.
ФСБ иттилоот дар бораи муассисаи таълимие, ки нақша буд дар он ҳамла тарҳрезӣ кунанд, ифшо намекунад.
Маълум аст, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойҳои истиқомати ҷинояткорон кофтукоб гузаронидаанд.
Ҳангоми амалиёт маводи тарканда ва дигар ҷузъҳои бомбаҳои худсохт мусодира карда шуданд. Ғайр аз ин, нерӯҳои амниятӣ дастур ва мукотиба бо эмиссарҳои террористонро пайдо кардаанд.