https://sputnik.tj/20210409/betartibiho-bozii-navbahor-pahtakor-1035190466.html
Бетартибиҳо пас аз бозии "Навбаҳор" - "Пахтакор": парвандаи ҷиноӣ оғоз шуд
Бетартибиҳо пас аз бозии "Навбаҳор" - "Пахтакор": парвандаи ҷиноӣ оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 9 апрел - Sputnik. Дар Намангон пас аз бозии байни "Навбаҳор" ва "Пахтакор", ки бо бетартибиҳо анҷом ёфт, парвандаи ҷиноӣ боз шуд, хабар медиҳад
2021-04-09T17:24+0500
2021-04-09T17:24+0500
2021-04-10T18:12+0500
ӯзбекистон
футбол
бетартибӣ
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103024/74/1030247411_0:115:2229:1369_1920x0_80_0_0_cddf49954abcd4de58e5e13abd3bf87c.jpg
ДУШАНБЕ, 9 апрел - Sputnik. Дар Намангон пас аз бозии байни "Навбаҳор" ва "Пахтакор", ки бо бетартибиҳо анҷом ёфт, парвандаи ҷиноӣ боз шуд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилоят. Бозии даври панҷуми Суперлигаи Ӯзбекистон оид ба футбол шоми панҷшанбе дар варзишгоҳи Марказии Намангон баргузор шуд. Дар он тақрибан 16 ҳазор тамошобин иштирок карданд. Ин бозӣ бо ҳисоби 1: 2 ба фоидаи "Пахтакор" хотима ёфт. Натиҷаи бозиро голи дар дақиқаи 89-ум аз пеналтӣ задашуда ҳал кард. Довар пас аз тамошои лаҳзаи бозӣ зарбаи ҷаримавӣ таъин кард. Мухлисони Намангон, ки аз бохти дастаи худ норозӣ буданд, ба сӯи доварон ва бозигарони клуби ғолиб шишаҳои пластикӣ партофтанд. Чӣ тавре ки дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Намангон гуфтанд, аз рӯи далели ҳодиса, тибқи бандҳои "в" ва "г" -и қисми 3 моддаи 277 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ("Авбошӣ ҳангоми чорабиниҳои оммавӣ ва муқовимат бо команди мақомот, ки барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ вазифадор аст"). Шаш нафар иштирокчиёни бетартибиҳо тибқи моддаи 183 Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ ("Майдаавбошӣ"), дигаре - бар асоси моддаҳои 183 ва 194 ("Риоя накардани талаботи корманди мақомоти корҳои дохилӣ") -и Ӯзбекистон мутаҳҳам карда шуданд. Манбаъ афзуда, ки гурӯҳи корӣ ҳолатҳои дигари ин ҳодисаро меомӯзад.
https://sputnik.tj/20210402/Chiptafurshi-sar-shud-futboli-tojik-tamoshobinon-1033119870.html
https://sputnik.tj/20191006/jazoi-futbolbozone-ki-mushtzani-kardandu-dashnom-dodand-1029987313.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103024/74/1030247411_126:0:2103:1483_1920x0_80_0_0_4d08925c72ad8e1d42e226e52737c05a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бетартибиҳо, бозӣ, футбол, парвандаи ҷиноӣ
бетартибиҳо, бозӣ, футбол, парвандаи ҷиноӣ
Бетартибиҳо пас аз бозии "Навбаҳор" - "Пахтакор": парвандаи ҷиноӣ оғоз шуд
17:24 09.04.2021 (Навсозишуда: 18:12 10.04.2021) Мухлисони намангонӣ, ки аз бохти дастаи худ норозӣ буданд, ба сӯи доварон ва футболбозони тими ғолиб шишаҳои пластикӣ ҳаво доданд
ДУШАНБЕ, 9 апрел - Sputnik. Дар Намангон пас аз бозии байни "Навбаҳор" ва "Пахтакор", ки бо бетартибиҳо анҷом ёфт, парвандаи ҷиноӣ боз шуд, хабар медиҳад
Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилоят.
Бозии даври панҷуми Суперлигаи Ӯзбекистон оид ба футбол шоми панҷшанбе дар варзишгоҳи Марказии Намангон баргузор шуд.
Дар он тақрибан 16 ҳазор тамошобин иштирок карданд. Ин бозӣ бо ҳисоби 1: 2 ба фоидаи "Пахтакор" хотима ёфт.
Натиҷаи бозиро голи дар дақиқаи 89-ум аз пеналтӣ задашуда ҳал кард. Довар пас аз тамошои лаҳзаи бозӣ зарбаи ҷаримавӣ таъин кард. Мухлисони Намангон, ки аз бохти дастаи худ норозӣ буданд, ба сӯи доварон ва бозигарони клуби ғолиб шишаҳои пластикӣ партофтанд.
Чӣ тавре ки дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Намангон гуфтанд, аз рӯи далели ҳодиса, тибқи бандҳои "в" ва "г" -и қисми 3 моддаи 277 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ("Авбошӣ ҳангоми чорабиниҳои оммавӣ ва муқовимат бо команди мақомот, ки барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ вазифадор аст").
Шаш нафар иштирокчиёни бетартибиҳо тибқи моддаи 183 Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ ("Майдаавбошӣ"), дигаре - бар асоси моддаҳои 183 ва 194 ("Риоя накардани талаботи корманди мақомоти корҳои дохилӣ") -и Ӯзбекистон мутаҳҳам карда шуданд.
Манбаъ афзуда, ки гурӯҳи корӣ ҳолатҳои дигари ин ҳодисаро меомӯзад.