Ҷазои футболбозони тоҷик барои муштзании гуруҳӣ ва дашноми мухлисон

© Sputnik / Антон ДенисовАрбитр показывает красную карточку на футбольном матче. Архивное фото
Арбитр показывает красную карточку на футбольном матче. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бошгоҳи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар тасмим гирифтааст, Шаҳром Исмоилов, дарвозабони дастаро барои рафтори ношоистааш дар сабқат бо тими “Истаравшан” ва дашномдиҳии мухлисон аз ҳайати тим хориҷ кунад

ДУШАНБЕ, 6 окт - Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия дархости тими “Хатлон” барои хориҷ кардани Исмоиловро аз ҳайати тим тасдиқ карда, ин иқдомро ба  занозании  рӯзи 27 -уми сентябр миёни футболбозони дастаҳои “Истаравшан” ва "Хатлон”  рабт додаст.

Футболисты на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боз муштзанӣ: моҷарои 2-юм дар бозии тимҳои “Хатлон”-у “Истаравшан”-видеоҳо

Феълан назари худи дарвозабон дар бораи ин тасмим маълум нест.

“Бошгоҳи футболи “Хатлон” дар робита ба рафтори номатлуби Исмоилов дар чемпионати Тоҷикистон, ҳангоми бозии дастаҳои “Истаравшан”  -  “Хатлон” ва суханони таҳқиромезаш нисбати мухлисон тасмим гирифт, ӯро аз ҳайаташ хориҷ кунад”, - омадааст дар иттилоия.

Бозии миёни дастаҳои “Истаравшан” ва “Хатлон” рӯзи 27-уми сентябр бо иштироки беш аз 5 ҳазор тамошобин дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор гардида, бо натиҷаи 1 : 1 хотима ёфт. Лекин анҷоми ин бозӣ ба муштзанӣ печид.

Дар як наворе, ки ҳамин то чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархид, дида мешуд, ки баъд аз садо додани ҳуштаки довар, футболбозони дастаи “Истаравшан” ба таъқиби дарвозабон Исмоилов шурӯъ мекунанду занозании гуруҳӣ миёни бозигарон ду даста сурат мегирад.

Боковой арбитр на футбольном поле, архивное фотоф - Sputnik Тоҷикистон
Узри довар ва видеои муштзании дарвозабони “Хатлон” ба легионери узбакистонии “Истаравшан”

ФФТ баъд аз нашри чунин наворҳо ба таҳқиқи бозии миёни тимҳои “Истаравшан” ва “Хатлон” шурӯъ намуда, дар ҷаласаи рӯзи 3-уми октябр, бар асоси Кодекси интизомӣ, нисбати футболбозон қарорҳо  ба тасвиб расонидааст.

Бо қарорҳои ФФТ, бозингарони дастаи “Истаравшан” Муҳаммадалӣ Азизбоев ба андозаи 1000 сомонӣ ҷаримабандӣ шуда, аз иштирок дар 5 бозӣ маҳрум гардид. Бозингарони дигари ин даста, Илҳом Баротов ва Ҳабибулло Азизов яке ба ҳисоби 1000 сомонӣ ҷарима, аз 3 бозӣ ва дигари бо 1000 сомонӣ аз иштирок дар 5 бозӣ,  Абдураҳмон Қурбонов ба андозаи 500 сомонӣ аз иштирок дар 2 бозӣ, Фаридун Деҳқонов ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима, аз иштирок дар 3 бозӣ маҳрум карда шудаанд.

Бар асоси қарорҳои  ФФТ, Аслиддин Ҳабибуллоев, сармурабии тими “Хатлон” барои иштирок аз ду бозӣ, бозингарони даста Аҳтам Ҳамроқулов ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима ва аз 5 бозӣ маҳрум,  Абдухалил Боронов ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима ва аз ҳаққи иштирок дар 2 бозӣ маҳрум карда шудаанд.

Ҷоиза ба беҳтаринҳо: Эмомалӣ Раҳмон аз Фонди захиравӣ қариб 1 миллион ҷудо кард

ФФТ бо вуҷуди судури ин қарорҳо, нисбати ду футболбози дастаи “Истаравшан” Илҳом Баротов ва Муҳаммадалӣ Азизбоев қарорҳои ҷудогона қабул намуда, якеро аз ҳайати тими миллӣ ва дуюмиро аз сафи мунтахаби наврасони 17 -сола (U -17) хориҷ намудааст. Ҳоло бар тибқи ин тасмими ФФТ,  Илҳом Баротов дар бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон 2022, ки қарор аст миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор  гардад, иштирок карда наметавонад.

ФФТ иштироки Муҳаммадалӣ Азизбоевро дар ҳайати мунтахаби наврасони зери 17 -сола маҳрум намудааст.

Лентаи хабарҳо
0