https://sputnik.tj/20210408/tavofuq-baroi-tashkili-guruhi-korii-mushtaraki-difoi-va-nizomii-aronu-tojikiston-1035130333.html
Тавофуқ барои ташкили гурӯҳи кории муштараки дифоӣ ва низомии Эрону Тоҷикистон
Тавофуқ барои ташкили гурӯҳи кории муштараки дифоӣ ва низомии Эрону Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар дидор бо вазири дифои Тоҷикистон аз эҷоди гурӯҳи кории муштараки дифоӣ-низомии ду
2021-04-08T17:20+0500
2021-04-08T17:20+0500
2021-04-19T16:54+0500
эрон
шералӣ мирзо
низомӣ
тавофуқ
дифоъ
вазири дифоъ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102206/74/1022067485_0:0:1400:788_1920x0_80_0_0_a592a15ec268de06b13fbdf9686c4ba1.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар дидор бо вазири дифои Тоҷикистон аз эҷоди гурӯҳи кории муштараки дифоӣ-низомии ду кишвар хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.Сардор, сарлашкари посдор Муҳаммади Боқирӣ рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар хусуси тавофуқҳои ҳосилшуда аз дидораш бо вазири дифои ҷумҳӯрии Тоҷикистон гуфт, ки бо оғози фасли баҳор мизбони вазири дифои кишвари дӯсту ҳамсояи ҷумҳӯрии Тоҷикистон будем ва дар ин сафар пояҳои тавсеъаи равобити низомии ду кишвар гузошта шуд .Сарлашкар Боқирӣ афзуд, ки вазири дифои Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳаш аз маҷмӯъаҳои саноъати дифоии кишвари мо боздид доштанд ва дар нишасти имрӯз ҳам дар бораи гурӯҳҳои кории мухталиф дар ҳавзаи низомӣ, аз ҷумла ҳамкориҳои омӯзишӣ ва ғайра музокира шуд."Қатъан ҳамкории нерӯҳои мусаллаҳи Эрону Тоҷикистон дар афзоиши амнияту суботи минтақа, тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва истифода аз таҷрибаҳои ду кишвар таъсири мусбат хоҳад дошт ва ин сафар сароғози тавсеъаи равобити низомӣ ва дифоии байни ду кишвар аст", - таъкид дошт раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт.Ёдрас мешавем, ки ахиран вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник, Шералӣ Мирзо ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард. Дар ин сафар, вазир бо роҳбарони воломақоми сиёсиву низомии ин кишвар мулоқот кард.
https://sputnik.tj/20210406/sherali-mirzo-tajikistan-hamkorihoi-nizomi-difo-iran-1034272915.html
https://sputnik.tj/20210405/Sheral-Mirzo-Eron-safar-kard-1033133288.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102206/74/1022067485_97:0:1148:788_1920x0_80_0_0_1358794e1c60261470d511059066842e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, шералӣ мирзо, низомӣ, тавофуқ, дифоъ, вазири дифоъ, дар тоҷикистон
эрон, шералӣ мирзо, низомӣ, тавофуқ, дифоъ, вазири дифоъ, дар тоҷикистон
Тавофуқ барои ташкили гурӯҳи кории муштараки дифоӣ ва низомии Эрону Тоҷикистон
17:20 08.04.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон бо сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дидор кард
ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар дидор бо вазири дифои Тоҷикистон аз эҷоди гурӯҳи кории муштараки дифоӣ-низомии ду кишвар хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Сардор, сарлашкари посдор Муҳаммади Боқирӣ рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар хусуси тавофуқҳои ҳосилшуда аз дидораш бо вазири дифои ҷумҳӯрии Тоҷикистон гуфт, ки бо оғози фасли баҳор мизбони вазири дифои кишвари дӯсту ҳамсояи ҷумҳӯрии Тоҷикистон будем ва дар ин сафар пояҳои тавсеъаи равобити низомии ду кишвар гузошта шуд .
“Ҳамчунин муқарар шуд, то гурӯҳи кории муштараки байни нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар эҷод шавад ва ин коргурӯҳ ояндаи равобити низомӣ ва дифоиро муайян ва барномарезӣ кунад”, - гуфт Сарлашкар Боқирӣ.
Сарлашкар Боқирӣ афзуд, ки вазири дифои Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳаш аз маҷмӯъаҳои саноъати дифоии кишвари мо боздид доштанд ва дар нишасти имрӯз ҳам дар бораи гурӯҳҳои кории мухталиф дар ҳавзаи низомӣ, аз ҷумла ҳамкориҳои омӯзишӣ ва ғайра музокира шуд.
"Қатъан ҳамкории нерӯҳои мусаллаҳи Эрону Тоҷикистон дар афзоиши амнияту суботи минтақа, тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва истифода аз таҷрибаҳои ду кишвар таъсири мусбат хоҳад дошт ва ин сафар сароғози тавсеъаи равобити низомӣ ва дифоии байни ду кишвар аст", - таъкид дошт раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт.
Ёдрас мешавем, ки ахиран вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник, Шералӣ Мирзо ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард. Дар ин сафар, вазир бо роҳбарони воломақоми сиёсиву низомии ин кишвар мулоқот кард.