Вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба Эрон сафар кард

© Фото : Фотохост ШОС / Гузариш ба медиабонкМинистр обороны Республики Таджикистан Шерали Мирзо, архивное фото
Министр обороны Республики Таджикистан Шерали Мирзо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Обуна шудан
Вазири дифоъи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард. Вазир бо роҳбарони воломақоми сиёсиву низомии ин кишвар мулоқот хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 5 апрел - Sputnik. Имрӯз Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафт.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа, полковник Фаридун Маҳмадализода хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар назар аст, ки зимни ин сафар Шералӣ Мирзо бо роҳбарони воломақоми сиёсиву низомии ин кишвар мулоқот мекунад.
Аз машқҳои муштарак то ҳамкориҳои низомӣ: мулоқоти дабири кулли СПАД бо Шералӣ Мирзо
"Дар ин мулоқот доираи васеи масоили ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, ҳамоҳангӣ ва мубодилаи иттилоот дар муборизаи муштараки зиддитеррористиро баррасӣ мешавад", - хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Мубодилаи 2 нафар аз маҳкумони Эрон ва Тоҷикистон
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ду нафар аз маҳкумони Эрон ва Тоҷикистон мубодила ва яке дигар аз маҳкумони эронӣ, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дастури афви онро содир карда буд, ба кишвар бозгаштанд.
Лентаи хабарҳо
0