https://sputnik.tj/20210408/sharali-mirzo-bo-bahsha-az-tavonmandihoi-nizomii-aron-az-nazdik-oshno-shudam-1035134227.html
Шералӣ Мирзо: бо бахше аз тавонмандиҳои низомии Эрон аз наздик ошно шудем
Шералӣ Мирзо: бо бахше аз тавонмандиҳои низомии Эрон аз наздик ошно шудем
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарии муштарак аз вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои
2021-04-08T18:42+0500
2021-04-08T18:42+0500
2021-04-19T16:54+0500
амният ва мудофиа
эрон
шералӣ мирзо
осиёи марказӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102241/41/1022414142_0:0:2969:1671_1920x0_80_0_0_744e650a87b70e1470abf3f8168fc603.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарии муштарак аз вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон барои даъват ва анҷоми ин сафар ба Эрон ва меҳмоннавозиашон ташаккур кардВазири дифои Тоҷикистон дар идома бо ишора ба раванди музокироти анҷомшуда дар се рӯзи сафараш ба Теҳрон, изҳор дошт, ки дар ин се рӯз дидору музокироти хубе бо вазири дифои Эрон дошт ва аз наздик бо бахше аз дастовардҳо ва тавонмандиҳои нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ошно шудааст.Вай баҳсу гуфтугу дар бораи амнияти минтақаӣ ва байналмиллалӣ ва ҳамчунин таҳдидҳои муштаракро аз ҷумлаи меҳварҳои гуфтугу бо вазири дифои Эрон эълом кард ва гуфт, ки Тоҷикистон афзоиши амният ва мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар минтақаро дар гарави густариши ҳамкории минтақаӣ медонем, ҳамчунин муътақидем ҳамкорӣ миёни ду кишвар метавонад ба амнияти ду кишвар кумак кунад. Генерал Шералӣ Мирзо ҳамчунин гуфт, ки аз ҳамтои эронии худ барои сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кардааст.
https://sputnik.tj/20210408/tavofuq-baroi-tashkili-guruhi-korii-mushtaraki-difoi-va-nizomii-aronu-tojikiston-1035130333.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102241/41/1022414142_220:0:2951:2048_1920x0_80_0_0_1772ade8b938dee40e46a6ec25101e1e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амният ва мудофиа, эрон, шералӣ мирзо, осиёи марказӣ, дар тоҷикистон
амният ва мудофиа, эрон, шералӣ мирзо, осиёи марказӣ, дар тоҷикистон
Шералӣ Мирзо: бо бахше аз тавонмандиҳои низомии Эрон аз наздик ошно шудем
18:42 08.04.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Вазири дифоъи Тоҷикистон гуфтааст, ки дар сафари серӯза ба Теҳрон бо бахше аз тавонмандиҳои низомии Эрон аз наздик ошно шудааст
ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарии муштарак аз вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон барои даъват ва анҷоми ин сафар ба Эрон ва меҳмоннавозиашон ташаккур кард
“Сафари расмии ман ва ҳайати ҳамроҳам аз Ҷумҳӯрии Тоҷикистон ба Эрон дар рӯзҳое аст, ки миллатҳои ду кишвар Наврӯзро ҷашн гирифтаанд, ба ҳамин далел бо истифода аз ин фурсат мехоҳам иди Наврӯзро ба миллати Эрон табрик бигӯям”
Шералӣ Мирзо
Вазири дифои Тоҷикистон
Вазири дифои Тоҷикистон дар идома бо ишора ба раванди музокироти анҷомшуда дар се рӯзи сафараш ба Теҳрон, изҳор дошт, ки дар ин се рӯз дидору музокироти хубе бо вазири дифои Эрон дошт ва аз наздик бо бахше аз дастовардҳо ва тавонмандиҳои нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ошно шудааст.
Вай баҳсу гуфтугу дар бораи амнияти минтақаӣ ва байналмиллалӣ ва ҳамчунин таҳдидҳои муштаракро аз ҷумлаи меҳварҳои гуфтугу бо вазири дифои Эрон эълом кард ва гуфт, ки Тоҷикистон афзоиши амният ва мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар минтақаро дар гарави густариши ҳамкории минтақаӣ медонем, ҳамчунин муътақидем ҳамкорӣ миёни ду кишвар метавонад ба амнияти ду кишвар кумак кунад.
Генерал Шералӣ Мирзо ҳамчунин гуфт, ки аз ҳамтои эронии худ барои сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кардааст.