https://sputnik.tj/20210408/idomai-safari-kori-sugd-rahmon-istaravshan--1035090828.html
Идомаи сафари корӣ дар Суғд: Раҳмон ба шаҳри Истаравшан рафт
Идомаи сафари корӣ дар Суғд: Раҳмон ба шаҳри Истаравшан рафт
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳоти “Зарҳалол”-и шаҳри Истаравшан бинои нави Маркази дастгирии оила ва кӯдаки “Фарзанди Ватан”-ро
2021-04-08T11:35+0500
2021-04-08T11:35+0500
2021-04-22T17:08+0500
иншоот
ифтитоҳ
дар тоҷикистон
суғд
истаравшан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/03/1032752826_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_1d11be1f780c8428c82cd65717c891cb.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳоти “Зарҳалол”-и шаҳри Истаравшан бинои нави Маркази дастгирии оила ва кӯдаки “Фарзанди Ватан”-ро ифтитоҳ карда, бо имконияти таълиму тарбия дар он шинос шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.Тибқи иттилои манбаъ, корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2020 оғоз гардида, дар он шароити муосири таълиму тарбия ва табобат фароҳам оварда шудааст.Таъкид шудааст, ки маркази мазкур аз ҷониби фарзандони ҳамин диёр — академикҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ӯлмас Мирсаидов ва Маҳмудзода Маҳкам Аъзам бунёд гардидааст.Гуфта шудааст, ки айни замон дар Марказ кӯдакон дар гурӯҳҳои рӯзона ва будубоши доимӣ нигоҳубин ва табобат карда мешаванд. “Дар гурӯҳи рӯзона хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ба монанди тандармонӣ, кордармонӣ, ташаккули малакаҳои худхизматрасонӣ, рушди нутқи кӯдакон ва омодагӣ ба мактаб ба роҳ монда шуда, айни ҳол ба 48 кӯдак хизмат расонида мешавад”, -зикр кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур. Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар шуъбаи будубоши доимӣ 18 кӯдак тарбия мегиранд, ки синну соли онҳо аз 1 то 7-сола мебошад. Гузашта аз ин, хизматрасонии “Ташриф ба хона” ба деҳаҳои атроф ва кӯчаҳои шаҳри Истаравшан ба роҳ монда шудааст ва мутахассисони Марказ бо оилаҳое, ки фарзанди носолим доранд, тарзи муносибат, машғулият ва анҷом додани корҳои табобатиро меомӯзонанд. Зикр шудааст, ки дар гурӯҳи рӯзона дар дохили муассиса ва хонаҳое, ки бо хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд, барои модароне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд ё танҳоӣ мекашанд ва зарурати нигоҳубини кӯдак ба миён меояд, хизматрасонии “Дамгирӣ”-и рӯзона ташкил карда шудааст.Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо мураббиён ва бошандагони Марказ таъкид доштааст, ки барои тарбияи дурусти насли наврас, махсусан кӯдакони маъюб тадбирҳои муассир андешанд. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар оянда Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Истаравшан ҳамчун маркази байниноҳиявӣ истифода хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20210407/rahmon-hamroh-bo-vaziri-korhoi-dohila-va-rohbari-kdam-markazi-taalimii-vkd-ro-iftitoh-kard-1035073112.html
https://sputnik.tj/20210407/rahmon-nohiyai-bobojon-gafurov-iftitoh-inshooti--1034315187.html
суғд
истаравшан
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/03/1032752826_346:0:3077:2048_1920x0_80_0_0_b9426cb239f7238967e60493577f4522.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иншоот, ифтитоҳ, дар тоҷикистон, суғд, истаравшан
иншоот, ифтитоҳ, дар тоҷикистон, суғд, истаравшан
Идомаи сафари корӣ дар Суғд: Раҳмон ба шаҳри Истаравшан рафт
11:35 08.04.2021 (Навсозишуда: 17:08 22.04.2021) Дар рӯзи дуюми сафари кории худ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд раисҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Истаравшан сафар кард
ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳоти “Зарҳалол”-и шаҳри Истаравшан бинои нави Маркази дастгирии оила ва кӯдаки “Фарзанди Ватан”-ро ифтитоҳ карда, бо имконияти таълиму тарбия дар он шинос шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2020 оғоз гардида, дар он шароити муосири таълиму тарбия ва табобат фароҳам оварда шудааст.
Таъкид шудааст, ки маркази мазкур аз ҷониби фарзандони ҳамин диёр — академикҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ӯлмас Мирсаидов ва Маҳмудзода Маҳкам Аъзам бунёд гардидааст.
“Дар Марказ барои зисту зиндагонӣ ва таҳсилу табобати 150 нафар кӯдаки ятиму бепарастор ва дорои бемориҳои гуногун шароит муҳайё карда шудааст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Гуфта шудааст, ки айни замон дар Марказ кӯдакон дар гурӯҳҳои рӯзона ва будубоши доимӣ нигоҳубин ва табобат карда мешаванд.
“Дар гурӯҳи рӯзона хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ба монанди тандармонӣ, кордармонӣ, ташаккули малакаҳои худхизматрасонӣ, рушди нутқи кӯдакон ва омодагӣ ба мактаб ба роҳ монда шуда, айни ҳол ба 48 кӯдак хизмат расонида мешавад”, -зикр кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар шуъбаи будубоши доимӣ 18 кӯдак тарбия мегиранд, ки синну соли онҳо аз 1 то 7-сола мебошад. Гузашта аз ин, хизматрасонии “Ташриф ба хона” ба деҳаҳои атроф ва кӯчаҳои шаҳри Истаравшан ба роҳ монда шудааст ва мутахассисони Марказ бо оилаҳое, ки фарзанди носолим доранд, тарзи муносибат, машғулият ва анҷом додани корҳои табобатиро меомӯзонанд.
“Аз 48 нафар мутахассисе, ки айни ҳол дар Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Истаравшан фаъолият мекунанд, 18 нафарашон дар Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии Вазорати тандурустӣ курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисос гузаштаанд”, - иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Зикр шудааст, ки дар гурӯҳи рӯзона дар дохили муассиса ва хонаҳое, ки бо хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд, барои модароне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд ё танҳоӣ мекашанд ва зарурати нигоҳубини кӯдак ба миён меояд, хизматрасонии “Дамгирӣ”-и рӯзона ташкил карда шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо мураббиён ва бошандагони Марказ таъкид доштааст, ки барои тарбияи дурусти насли наврас, махсусан кӯдакони маъюб тадбирҳои муассир андешанд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар оянда Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Истаравшан ҳамчун маркази байниноҳиявӣ истифода хоҳад шуд.