https://sputnik.tj/20210407/rahmon-hamroh-bo-vaziri-korhoi-dohila-va-rohbari-kdam-markazi-taalimii-vkd-ro-iftitoh-kard-1035073112.html
Раҳмон ҳамроҳ бо вазири корҳои дохила ва роҳбари КДАМ маркази таълимии ВКД-ро ифтитоҳ кард
Раҳмон ҳамроҳ бо вазири корҳои дохила ва роҳбари КДАМ маркази таълимии ВКД-ро ифтитоҳ кард
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, нахуст дар саҳни ҳавлӣ ба Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти кишоварзии хоҷагии ёрирасони
2021-04-07T20:10+0500
2021-04-07T20:10+0500
2021-04-22T16:44+0500
эмомалӣ раҳмон
иншоот
ифтитоҳ
раисҷумҳур
вкд
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/07/1035072573_0:35:3077:1765_1920x0_80_0_0_7e4ff686994fc4b01dee4c342b225cc7.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, нахуст дар саҳни ҳавлӣ ба Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти кишоварзии хоҷагии ёрирасони Маркази таълимӣ ва намунаи сару либоси мавсимии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот муаррифӣ карда шуд.Манбаъ иттилоъ додааст, ки масоҳати умумии заминҳои ин мавзеъ 4,7 гектарро ташкил дода, дар масоҳати 16 садяк замин 4 гармхонаи парвариши сабзавот, лиму ва дар майдони 1 гектар боғи дарахтони зардолу, олуча, олу ва себ бунёд шудааст.Гуфта шудааст, ки маркази таълимӣ ва заминҳои кишт дар соҳили “Баҳри тоҷик”, ҷойгир мебошад. Дар хоҷагии ёрирасон 10 нафар машғули коранд. Манбаъ қайд кардааст, ки ба Президенти кишвар намунаи сару либоси мавсимии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ки бо тарҳи миллӣ ва аврупоӣ тайёр карда мешаванд, муаррифӣ гардид.Иттилоъ дода шудааст, ки маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон аз 4 ошёна, толорҳои машғулият, ҳуҷраҳои корӣ, 6 ҳуҷраи истироҳатӣ, ошхона ва дар саҳни ҳавлӣ аз майдончаи варзишӣ оид ба футбол иборат мебошад.Зикр шудааст, акнун баъди ифтитоҳи ин иншоот барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд баҳри такмили ихтисос ва омӯзиши донишҳои муосир шароити замонавӣ муҳайё гардид.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват кард, ки содиқона бар нафъи давлату миллат хизмат намоянд ва барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳидоят намоянд.
https://sputnik.tj/20210407/rahmon-nohiyai-bobojon-gafurov-iftitoh-inshooti--1034315187.html
https://sputnik.tj/20210407/emomali-rahmon-sugd-vorux-1034312452.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/07/1035072573_134:0:2863:2047_1920x0_80_0_0_eb5981c9236a9b3eb74a87df49112f5d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, иншоот, ифтитоҳ, раисҷумҳур, вкд, суғд
эмомалӣ раҳмон, иншоот, ифтитоҳ, раисҷумҳур, вкд, суғд
Раҳмон ҳамроҳ бо вазири корҳои дохила ва роҳбари КДАМ маркази таълимии ВКД-ро ифтитоҳ кард
20:10 07.04.2021 (Навсозишуда: 16:44 22.04.2021) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, нахуст дар саҳни ҳавлӣ ба Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти кишоварзии хоҷагии ёрирасони Маркази таълимӣ ва намунаи сару либоси мавсимии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот муаррифӣ карда шуд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки масоҳати умумии заминҳои ин мавзеъ 4,7 гектарро ташкил дода, дар масоҳати 16 садяк замин 4 гармхонаи парвариши сабзавот, лиму ва дар майдони 1 гектар боғи дарахтони зардолу, олуча, олу ва себ бунёд шудааст.
Гуфта шудааст, ки маркази таълимӣ ва заминҳои кишт дар соҳили “Баҳри тоҷик”, ҷойгир мебошад. Дар хоҷагии ёрирасон 10 нафар машғули коранд.
“Ҳосили ба дастоварда аз хоҷагии ёрирасон барои таъмини кормандони мақомот бо маводи мавриди ниёзи аввал равона карда мешавад”,- таъкид доштааст манбаъ.
Манбаъ қайд кардааст, ки ба Президенти кишвар намунаи сару либоси мавсимии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ки бо тарҳи миллӣ ва аврупоӣ тайёр карда мешаванд, муаррифӣ гардид.
Иттилоъ дода шудааст, ки маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон аз 4 ошёна, толорҳои машғулият, ҳуҷраҳои корӣ, 6 ҳуҷраи истироҳатӣ, ошхона ва дар саҳни ҳавлӣ аз майдончаи варзишӣ оид ба футбол иборат мебошад.
Зикр шудааст, акнун баъди ифтитоҳи ин иншоот барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд баҳри такмили ихтисос ва омӯзиши донишҳои муосир шароити замонавӣ муҳайё гардид.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват кард, ки содиқона бар нафъи давлату миллат хизмат намоянд ва барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳидоят намоянд.