Ҳалокати 27 нафар зарфи 3 моҳ бар асари ҳодисаҳои фавқулода дар Суғд

© акс аз саҳифаи IRSТарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ
Тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Обуна шудан
Давоми се моҳи ахири соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд бар асари ҳолатҳои фавқулода 27 тан ҷони худро аз даст додаанд
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ин нукта дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи раёсати ин ниҳод дар шимоли кишвар садо дод.
Ба иттилои манбаъ, дар семоҳаи аввали соли 2021 дар вилоят 155 ҳодисаҳои фавқулодда хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари онҳо 27 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, аз ин ҳодисаҳо ба иқтисодиёти вилоят 710 ҳазору 961 сомонӣ зарар расидааст.
Лавина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Ҳалокати се нафар зери тарма дар ноҳияи Айнӣ ва ҳушдори КҲФ
Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта дар миқёси вилоят 120 ҳодисаҳо буд, ки бар асари он 28 нафар ҷони худро аз даст дода, маблағи зарари расонида шуда ба 816 ҳазору 996 сомонӣ ҳисоб шуда буд.
Дар давоми семоҳаи аввали соли 2021 дар ҳудуди вилоят 1 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шуда, ки дар натиҷа 3 нафар шаҳрвандони вилоят ба ҳалокат расиданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар семоҳаи аввали соли 2020 ҳодисаи табиӣ дар қаламрави вилоят ба қайд гирифта нашуда буд, афзудааст манбаъ.
Макети нозири БДА дар шоҳроҳи Хуҷанд-Истаравшан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
"Эркаҳои роҳ", куҳнашавии "нозирони БДА" ва афзоиши садамаҳои нақлиётӣ дар вилояти Суғд
Гуфта мешавад, фаъолияти семоҳаи дигар Раёсат омодагии бештари кормандон ба ҳама ҳолатҳои фавқулода, соҳилмустаҳкамкунӣ, мавсими оббозӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ равона хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0