https://sputnik.tj/20210311/halokati-se-nafar-tarma-ayni-1032980719.html
Ҳалокати се нафар зери тарма дар ноҳияи Айнӣ ва ҳушдори КҲФ
Ҳалокати се нафар зери тарма дар ноҳияи Айнӣ ва ҳушдори КҲФ
Sputnik Тоҷикистон
Се нафар бар асари тармафароӣ дар ноҳияи Айнӣ воқеъ дар наздикии деҳаи Кумарги боло ҳалок шудаанд 11.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-11T10:00+0500
2021-03-11T10:00+0500
2021-03-11T11:40+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
айнӣ
тарма
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102781/88/1027818885_24:0:1178:649_1920x0_80_0_0_514b45fa2819c3546db95e252e898f46.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, тарма дар назди корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин "Кооператсия 19" фаромадааст.Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа се корманди корхона, як сокини 51-солаи ноҳияи Айнӣ ва ду сокинони 40 ва 33-солаи ноҳияи Шаҳринав зери барф чон додаанд.Манбаъ мегӯяд, ҷасадҳо аз зери тарма бароварда шуда, ба мақомоти дахлдор супорида шуданд.Гуфта мешавад, бо сабаби боришоти шадиди рӯзҳои ахир дар қаламрави кӯҳистонии Тоҷикистон, хатари фаромадани тарма ва сангрезаҳо боқӣ мондааст, вазъи пуршиддат дар роҳҳои кишвар боқӣ мондааст.Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар километри 550-уми роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ва 31 километри роҳи Хоруғ-Ишкошим низ тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст.Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолии кишвар хостаст, ки аз сафар ба ҷойҳои хатари тармафароидошта худдорӣ кунанд.Ҳушдори КҲФ аз тармафароӣ дар Тоҷикистон: рӯйхати ҷойҳои хатарнокҚаблан ин ниҳод ҳушдор дода буд, ки бо сабаби гармшавии ҳаво ва боришот хатари фаромадани тарма ва дар баъзе минтақаҳо обхезиву сел то 15 март боқӣ мемонад.
https://sputnik.tj/20210310/hushdor-KHF-boroni-shadid-va-barfi-tar-1032979680.html
айнӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102781/88/1027818885_168:0:1033:649_1920x0_80_0_0_54628d1476eb9c0f601cb314b9212bb7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, айнӣ, тарма
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, айнӣ, тарма
Ҳалокати се нафар зери тарма дар ноҳияи Айнӣ ва ҳушдори КҲФ
10:00 11.03.2021 (Навсозишуда: 11:40 11.03.2021) Се нафар бар асари тармафароӣ дар ноҳияи Айнӣ воқеъ дар наздикии деҳаи Кумарги боло ҳалок шудаанд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, тарма дар назди корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин "Кооператсия 19" фаромадааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа се корманди корхона, як сокини 51-солаи ноҳияи Айнӣ ва ду сокинони 40 ва 33-солаи ноҳияи Шаҳринав зери барф чон додаанд.
Манбаъ мегӯяд, ҷасадҳо аз зери тарма бароварда шуда, ба мақомоти дахлдор супорида шуданд.
Гуфта мешавад, бо сабаби боришоти шадиди рӯзҳои ахир дар қаламрави кӯҳистонии Тоҷикистон, хатари фаромадани тарма ва сангрезаҳо боқӣ мондааст, вазъи пуршиддат дар роҳҳои кишвар боқӣ мондааст.
Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар километри 550-уми роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ва 31 километри роҳи Хоруғ-Ишкошим низ тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолии кишвар хостаст, ки аз сафар ба ҷойҳои хатари тармафароидошта худдорӣ кунанд.
Қаблан ин ниҳод ҳушдор дода буд, ки бо сабаби гармшавии ҳаво ва боришот хатари фаромадани тарма ва дар баъзе минтақаҳо обхезиву сел то 15 март боқӣ мемонад.