Дар Душанбе дафтари консули фахрии Маҷористон ифтитоҳ ёфт

© МИД РТОткрытие в Душанбе почетного консульства Венгрии
Открытие в Душанбе почетного консульства Венгрии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз боз шудани дафтари консули фахрии Венгрия дар шаҳри Душанбе хабар дод
ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дафтари консули фахрии Венгрия кушода шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи Дафтари мазкур вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Венгрия Петер Сийярто ва муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ширкат ва суханронӣ карданд.
“Ҷонибҳо таъкид доштанд, ки ифтитоҳи дафтари консули фахрии Венгрия иқдоми муҳим дар масири густариши муносибатҳои байни ду давлат мебошад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Гуфта шудааст, ки Петер Сийярто ва Музаффар Ҳусейнзода изҳор намуданд, ки ин Дафтар ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармоя, рушди сайёҳӣ ва табодули фарҳангӣ саҳм хоҳад гузошт.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Петер Сийятро дидору мулоқот кард.
Подписание соглашения о сотрудничестве между Таджикистаном и Венгрии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Вазорати хориҷа: барномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Маҷористон ба имзо расид
ВУХ Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар рафти мулоқот ҳамсуҳбатон мавзӯҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои минтақавӣ ва таҳкими равобити бисёрҷониба мубодилаи афкор карданд.
Пас аз анҷоми мулоқот машваратҳои сиёсӣ миёни ҳайатҳои ду кишвар бо роҳбарии вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардиданд.

“Ҷонибҳо ният карданд, ки 30-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Маҷористонро дар соли 2022 ҷашн гиранд ва ба ин муносибат ҳамоишҳои илмӣ ва фарҳангиро баргузор намоянд”, - таъкид дошт манбаъ.

Дар интиҳо вазирон Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Маҷористонро барои солҳои 2022-2024 имзо карданд.
Лентаи хабарҳо
0