https://sputnik.tj/20210407/vazorat-barnomai-hamkori-tajikistanu-majoriston-imzo-1034675225.html
Вазорати хориҷа: барномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Маҷористон ба имзо расид
Вазорати хориҷа: барномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Маҷористон ба имзо расид
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти вазорати хориҷаи кишвар, дар мулоқот ҳамсуҳбатон мавзӯъҳои густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда,
2021-04-07T16:00+0500
2021-04-07T16:00+0500
2021-04-19T16:54+0500
санад
ҳамкорӣ
имзо
маҷористон
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/07/1034674091_0:30:1200:705_1920x0_80_0_0_1807fdd0de0c568aa6008f9f84d5ae0e.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти вазорати хориҷаи кишвар, дар мулоқот ҳамсуҳбатон мавзӯъҳои густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои минтақавӣ ва таҳкими равобити бисёрҷониба мубодилаи афкор карданд. Таъкид шудааст, ки пас аз анҷоми мулоқот машваратҳои сиёсӣ миёни ҳайатҳои ду кишвар бо роҳбарии вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардиданд. Маҷористон ваксинаи Русия алайҳи коронавирусро дастрас кардМанбаъ зикр кардааст, ки ҷонибҳо бо ибрози рағбати мутақобил ба тавсеаи муҳтавои муносибатҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистон ва Венгрия дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, муҳитизистӣ, сайёҳӣ, илмӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ ва варзишӣ, изҳори ният карданд, ки 30-солагии муносибатҳои дипломатиро дар соли 2022 ҷашн гиранд ва ба ин муносибат ҳамоишҳои илмӣ ва фарҳангӣ баргузор намоянд. Гаспарян: суханҳои Орбан дар бораи "истилогарони мусулмон" қонунмандона ҳастандДар интиҳо вазирон Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Маҷористонро барои солҳои 2022-2024 имзо карданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/07/1034674091_121:0:1061:705_1920x0_80_0_0_4029e03a0ba8f9b8504abcac1b4c8368.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
санад, ҳамкорӣ, имзо, маҷористон, дар тоҷикистон
санад, ҳамкорӣ, имзо, маҷористон, дар тоҷикистон
Вазорати хориҷа: барномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Маҷористон ба имзо расид
16:00 07.04.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Дар шаҳри Душанбе мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Петер Сийярторо баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти вазорати хориҷаи кишвар, дар мулоқот ҳамсуҳбатон мавзӯъҳои густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои минтақавӣ ва таҳкими равобити бисёрҷониба мубодилаи афкор карданд.
Таъкид шудааст, ки пас аз анҷоми мулоқот машваратҳои сиёсӣ миёни ҳайатҳои ду кишвар бо роҳбарии вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардиданд.
Манбаъ зикр кардааст, ки ҷонибҳо бо ибрози рағбати мутақобил ба тавсеаи муҳтавои муносибатҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистон ва Венгрия дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, муҳитизистӣ, сайёҳӣ, илмӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ ва варзишӣ, изҳори ният карданд, ки 30-солагии муносибатҳои дипломатиро дар соли 2022 ҷашн гиранд ва ба ин муносибат ҳамоишҳои илмӣ ва фарҳангӣ баргузор намоянд.
Дар интиҳо вазирон Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Маҷористонро барои солҳои 2022-2024 имзо карданд.