Эълони 4 рӯзи роҳбандӣ: БДА шарҳ дод, ки ҳаракат дар кадом кӯчаҳои Суғд маҳдуд мешавад

© Sputnik / Артур ЛебедевЖезл ГИБДД
Жезл ГИБДД  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Обуна шудан
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД дар вилояти Суғд бо нашри эълони расмӣ сабаби муваққатан маҳдуд шудани ҳаракат дар баъзе роҳу кӯчаҳои Суғдро шарҳ додааст
ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Бино ба эълони БДА, ки нусхаи он Sputnik Тоҷикистон расид, бо назардошти сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд ҳаракати нақлиёт давоми чаҳор рӯз дар баъзе кӯчаҳо маҳдуд карда мешавад .
Аз ҷумла санаи 7 апрел кӯчаҳои ба номи Н.Ҳувайдуллоев, Б.Ғафуров, Сомониён ва Гагарини шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Ғафуров — Хуҷанд, кучаҳои ба номи И.Сомонӣ ва Гагарини шаҳри Хуҷанд, кучаҳои ба номи Ф.Ахмедов, М. Авезова ва Ӯрунхоҷаеви ҷамоатҳои Ҳайдар Усмон ва Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кучаҳои марказии шаҳри Гулистон баста мешаванд.
8 апрел роҳи автомобилгарди Истаравшан-Зафаробод то деҳаи Яккатол, роҳи Истаравшан-Хуҷанд то плазаи толлингии шаҳри Истаравшан, роҳи Душанбе-Хуҷанд, ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зарҳалол (соҳибони автомобилҳои хурди мусофиркаш метавонанд ҳаракати худро тариқи роҳи марказии ноҳияи Деваштич идома диҳанд) – омадааст дар хабар.
Рабочая поездка Эмомали Рахмона в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд оғоз шуд: ба Ворух ҳам меравад
9 апрел кӯчаҳои марказии шаҳраки Шӯроб, кучаҳои марказии Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, 10 апрел кучаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд, кӯчаҳои Гагарин, Сирдарё, И.Сомонӣ, Р. Ҳоҷиев то баромадгоҳи маҳаллаи Сартӯқай, кӯчаҳои марказии шаҳрҳои Гулистону Бӯстон масдуд хоҳанд шуд.
Бо нашри ин хабар БДА, аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш намудааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракат дар мавзеъҳои зикршуда ҳаракати худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0