https://sputnik.tj/20210402/namoz-duo-tojikiston-afghoniston-1033120368.html
Намози ҷумъаи ин ҳафта: Тоҷикистон барои Афғонистон дуо кард
Намози ҷумъаи ин ҳафта: Тоҷикистон барои Афғонистон дуо кард
Sputnik Тоҷикистон
Имомхатибони масоҷиди ҷомеъ ин ҳафта мавъизаҳои худро ба мавзӯъи сулҳу субот дар Афғонистону минтақа ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон ихтисос доданд 02.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-02T13:45+0500
2021-04-02T13:45+0500
2021-04-19T16:54+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
намоз
дуо
афғонистон
кумитаи дин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032738540_0:126:3072:1854_1920x0_80_0_0_b98b3f0aaac2eca21a07ddcb7478b69b.jpg
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Дар намози ҷумъаи имрӯз, 2 апрел, дар саросари масоҷиди ҷомеъи Тоҷикистон барои сулҳу субот ва амният дар Афғонистон даст ба дуо бардоштаанд.Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон, Навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе гуфтанд, ки имомхатибони масоҷиди ҷомеъ ин ҳафта мавъизаҳои худро ба мавзӯъи сулҳу субот дар Афғонистону минтақа ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон ихтисос доданд.“Имом – хатиби масҷиди “Нури ислом” дар мавъизааш аз ҳадиси шариф, ки Паёмбар (с) фармудаанд: "Касе дар фикри дастгирии бародари муъминаш бошад, Худованд дар фикри дастгирии ӯст" ёдовар шуд", - гуфт як намозгузор аз Хуҷан.Имомхатиб таъкид кард, ки мардуми Афғонистон бародар, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги мардуми Тоҷикистон ҳастанд, аз ин хотир, мо ба ба сарнавишти онҳо бетафовут нестем. Аз ҳар дарду ранҷе, ки мардуми Афғонистон мекашад, қалби мардуми тоҷик низ азоб мекашад, афзуд вай.Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо имомхатибон аз нуҳумин Конфронси вазирони "Қалби Осиё — Раванди Истанбул" зери унвони “Тақвияти ҷомеа барои сулҳ ва рушд”, ки 30 марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ёдовар шуданд ва талошҳои дар сатҳи байнулмилал анҷомдодаи Тоҷикистон, бахусус раисҷумҳури он Эмомалӣ Раҳмонро зикр карданд, ки гуфта буд, сулҳу субот дар Афғонистон мисли обу ҳаво барои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ зарур аст.Аз масоили Афғонистон то терроризму экстремизм: мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Пак Бён СокДар нуҳумин Конфронси вазирони "Қалби Осиё — Раванди Истанбул" дар Душанбе Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон, вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони 15 кишвари узв - Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Покистон, Қатар, Қазоқистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Русия, 16 кишвари мададрасон ва роҳбарони 16 созмони минтақавию байналмилалӣ ба таври ҳузуриву маҷозӣ ширкат карданд.Ба қавли намозгузорон, имомхатибон дар мавъизаҳои худ гуфтаанд, истиқлол барои Тоҷикистон гарон афтод, раванди оштии миллӣ панҷ сол тӯл кашид ва дар он рӯзҳои сахт пешвоёни вақтаи Афғонистон – Бурҳонуддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд кӯмаки холисона ва бародарона кардаанд.“Имомхатиби Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, ки халқи Тоҷикистон ҳаргиз ин талошҳои раҳбарони Афғонистонро фаромӯш намекунад ва омода аст, ки таҷрибаи андӯхтаи Тоҷикистон дар роҳи расидан ба оштӣ, сулҳ ва рушди иқтисодиро бо мардуми бародари афғон ба миён гузорад.Ҳадис ҳам оварда шуд: "Касе, ки ба Худованд ва рӯзи охират имон дорад, бояд ба ҳамсояаш некӣ кунад", - гуфт яке аз намозгузорон дар Душанбе.Дили дардманд дар Осиёи Марказӣ: мушкилоти хотимаи ҷанг дар АфғонистонБа қавли намозгузорон, дар анҷоми мавъизаҳо имомхатибон аз намозгузорон даъват карданд, ки дуо кунанд, то Худованд ба ин мардуми ин сарзамини ранҷкашида сулҳу субот ва осоиш диҳад.Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 4058 масҷид расман сабти ном шуда, аз ин теъдод ҳудуди 400 масҷид ҷомеъ мебошанд.
https://sputnik.tj/20210202/namoz-tojikiston-koronavirus-masjid-1032747693.html
https://sputnik.tj/20210402/ruzadoron-moh-Ramazon-qoidaoro-rioya-kunand-1033120327.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032738540_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_144a21010ba1ec65ac8be55cb4828359.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, намоз, дуо, афғонистон, кумитаи дин
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, намоз, дуо, афғонистон, кумитаи дин
Намози ҷумъаи ин ҳафта: Тоҷикистон барои Афғонистон дуо кард
13:45 02.04.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Имомхатибони масоҷиди ҷомеъ ин ҳафта мавъизаҳои худро ба мавзӯъи сулҳу субот дар Афғонистону минтақа ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон ихтисос доданд
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Дар намози ҷумъаи имрӯз, 2 апрел, дар саросари масоҷиди ҷомеъи Тоҷикистон барои сулҳу субот ва амният дар Афғонистон даст ба дуо бардоштаанд.
Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон, Навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе гуфтанд, ки имомхатибони масоҷиди ҷомеъ ин ҳафта мавъизаҳои худро ба мавзӯъи сулҳу субот дар Афғонистону минтақа ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон ихтисос доданд.
“Имом – хатиби масҷиди “Нури ислом” дар мавъизааш аз ҳадиси шариф, ки Паёмбар (с) фармудаанд: "Касе дар фикри дастгирии бародари муъминаш бошад, Худованд дар фикри дастгирии ӯст" ёдовар шуд", - гуфт як намозгузор аз Хуҷан.
Имомхатиб таъкид кард, ки мардуми Афғонистон бародар, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги мардуми Тоҷикистон ҳастанд, аз ин хотир, мо ба ба сарнавишти онҳо бетафовут нестем. Аз ҳар дарду ранҷе, ки мардуми Афғонистон мекашад, қалби мардуми тоҷик низ азоб мекашад, афзуд вай.
Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо имомхатибон аз нуҳумин Конфронси вазирони "Қалби Осиё — Раванди Истанбул" зери унвони “Тақвияти ҷомеа барои сулҳ ва рушд”, ки 30 марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ёдовар шуданд ва талошҳои дар сатҳи байнулмилал анҷомдодаи Тоҷикистон, бахусус раисҷумҳури он Эмомалӣ Раҳмонро зикр карданд, ки гуфта буд, сулҳу субот дар Афғонистон мисли обу ҳаво барои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ зарур аст.
Дар нуҳумин Конфронси вазирони "Қалби Осиё — Раванди Истанбул" дар Душанбе Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон, вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони 15 кишвари узв - Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Покистон, Қатар, Қазоқистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Русия, 16 кишвари мададрасон ва роҳбарони 16 созмони минтақавию байналмилалӣ ба таври ҳузуриву маҷозӣ ширкат карданд.
Ба қавли намозгузорон, имомхатибон дар мавъизаҳои худ гуфтаанд, истиқлол барои Тоҷикистон гарон афтод, раванди оштии миллӣ панҷ сол тӯл кашид ва дар он рӯзҳои сахт пешвоёни вақтаи Афғонистон – Бурҳонуддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд кӯмаки холисона ва бародарона кардаанд.
“Имомхатиби Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, ки халқи Тоҷикистон ҳаргиз ин талошҳои раҳбарони Афғонистонро фаромӯш намекунад ва омода аст, ки таҷрибаи андӯхтаи Тоҷикистон дар роҳи расидан ба оштӣ, сулҳ ва рушди иқтисодиро бо мардуми бародари афғон ба миён гузорад.
Ҳадис ҳам оварда шуд: "Касе, ки ба Худованд ва рӯзи охират имон дорад, бояд ба ҳамсояаш некӣ кунад", - гуфт яке аз намозгузорон дар Душанбе.
Ба қавли намозгузорон, дар анҷоми мавъизаҳо имомхатибон аз намозгузорон даъват карданд, ки дуо кунанд, то Худованд ба ин мардуми ин сарзамини ранҷкашида сулҳу субот ва осоиш диҳад.
Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 4058 масҷид расман сабти ном шуда, аз ин теъдод ҳудуди 400 масҷид ҷомеъ мебошанд.