Фарҳод Раҳимӣ: унвону дараҷаҳои илмии Тоҷикистону Русия баробарарзиш мешаванд

© Sputnik / Амир ИсаевПрезидент Академии наук Таджикистана доктор физико-математических наук, профессор Фарход Рахими
Президент Академии наук Таджикистана доктор физико-математических наук, профессор Фарход Рахими - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Обуна шудан
Тоҷикистону Русия барои эътироф намудани баробарарзишии дараҷаву унвонҳои илмӣ гурӯҳи корӣ таъсис хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Ба хотири баробарарзиш намудани унвону дараҷаҳои илмӣ байни кишварҳои Русияву Тоҷикистон гурӯҳи кории комиссияи байниҳукуматии тарафҳо оид ба масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ мулоқот баргузор намуданд, иттилоъ додааст рӯзномаи давлатии “Ҷумҳурият”.
Бино бар иттилои манбаъ дар кори комиссияи байниҳукуматӣ, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмии Тоҷикистон, Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини якуми вазири маориф ва илм, Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистон, Сергей Похомов, сардори департаменти аттестатсияи кормандони илм ва илмӣ - педагогии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия, Игор Матскевич, котиби аввали илмии Комиссияи олии аттестатсионии Русия, ширкат доштанд.
Студентка Уральского федерального университета (УрФУ) во время дистанционного обучения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2020
Ба Русия наомадаву дипломро ҳимоя кун: вазорати илм ба хориҷиён имкониятҳои нав дод
Гуфта шудааст, ки ҷониби Русия дурнамои муқоисаи унвону дараҷаҳои илмиро дар доираи созишномаи алоҳида ва ба таври мукаммал тасдиқ хоҳад кард.
Ҳамзамон ҷонибҳо пешниҳод намуданд, ки барои омӯзиши ҳамаҷонибаи масъала, аз ҷумла барои фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ба хотири эътироф намудани баробарарзишии дараҷаву унвонҳои илмӣ гурӯҳи корӣ таъсис диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0