Ба Русия наомадаву дипломро ҳимоя кун: вазорати илм ба хориҷиён имкониятҳои нав дод

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкСтудентка Уральского федерального университета (УрФУ) во время дистанционного обучения
Студентка Уральского федерального университета (УрФУ) во время дистанционного обучения - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири илм ва маълумотии олии Русия Валерий Фалков мегӯяд, донишгоҳҳо дар ин вазъияти ғайриоддӣ бояд донишҷӯёнашонро дастгирӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Валерий Фалков, вазири илм ва таҳсилоти олии Русия мегӯяд, ба донишҷӯёни хориҷии донишгоҳҳои Русия, ки наметавонанд вуруди кишвар шаванд, имконияти дифои дипломҳояшонро аз роҳи дур медиҳанд.

Хостел, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Русия ба донишҷӯёни хориҷӣ кӯмак карданист

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай ин падидаи густурдае нахоҳад шуд.

"Дар Русия дар пайи баста шудани марзҳо на хатмкунандагон, балки донишҷӯёни курси аввал ҷабр диданд. Ман фикр мекунам, ин ҷое имконпазир хоҳад шуд, аммо густурда нахоҳад буд", - тавзеҳ дод вазир.

Фалков афзуд, ки дар ин вазъияти ғайриоддӣ донишгоҳҳо донишҷӯёнашонро бояд дастгирӣ кунанд. Ба нафароне, ки бештари дарсҳоро нахонадаанд, бояд нақшаи инфиродӣ ташкил кард.

Ба донишҷӯёне, ки хело зиёд қафо монанд ва аз сессия баромада натавонистанд, бояд таътили академикӣ фароҳам овард.

Се роҳ: вазири маорифи Русия гуфт, донишҷӯёни бандмондаи хориҷӣ чӣ кор кунанд

Ба гуфтаи вазир, ҳудудан 65 дар сади донишҷӯён ва бештар аз 40 дар сади донишгоҳҳо таҳсилро ба шакли дистансионӣ гузарониданд, кор бо ин тартибот қариб дар нисфи минтақаҳои Русия ба роҳ монда шудааст.

Пештар Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия ваъда дода буд, ки донишҷӯёнро дастгирӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0