https://sputnik.tj/20210406/donishjuyon-tojik-safar-russia-1034263665.html
Нахустин гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик вориди Русия мешаванд
Нахустин гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик вориди Русия мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Нахустин гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик ба Русия сафар мекунанд, хабар дод, роҳбари маркази профориентатсияи Донишгоҳи федералии Сибир дар
2021-04-06T15:42+0500
2021-04-06T15:42+0500
2021-04-12T14:33+0500
парвоз
донишҷӯён
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102366/25/1023662580_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_ee6512852d6482e50513c8643d98e33e.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Нахустин гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик ба Русия сафар мекунанд, хабар дод, роҳбари маркази профориентатсияи Донишгоҳи федералии Сибир дар Тоҷикистон Акмал Ҷумъаев. Гурӯҳ иборат аз 14 нафар мебошад, ки ҳама ба Красноярск парвоз хоҳанд кард.Парвоз тариқи хатсайри чартерии ширкати "Уралские авиалинии" рӯзи 15 апрел сурат мегирад.Ба гуфтаи Ҷумъаев, ба вуруди донишҷӯён ба Русия мушкиле пеш нахоҳад омад, зеро расман кишвар дар бораи иҷозаи вуруди онҳо хабар додааст. Ҳамаи донишҷӯён дар курси авал таҳсил мекунанд. Чиптаҳоро онҳо то 5,5 ҳазор сомонӣ харидорӣ кардаанд. Аммо ба гуфтаи Ҷумъаев, қисме аз ин маблағро донишгоҳ ҷуброн мекунад.Ёдрас мекунем, сар аз моҳи марти соли 2020 донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд, бино бар далели пандемия ва баста мондани марзҳо наметавонистанд, ба Русия ворид шаванд ва ба таҳсили худ идома диҳанд.Пештар мақомоти кишвар хабар доданд, ки нахуствазири Русия Михаил Мишустин қарореро имзо кард, ки мувофиқи он ба донишҷӯёни шаш кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иҷозаи вуруд ба Русия дода шуд. Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия тавзеҳ додааст, ки бо қарори Ҳукумат аз 31 марти соли 2021 таҳти рақами 814 донишҷӯён, аспирантҳо,ординаторҳо ва шунавандагони факултаҳои омодагӣ аз Тоҷикистон, Венесуэла, Олмон, Сурия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка метавонанд ба Русия барои идомаи таҳсилашон баргарданд.Вазорати илму таҳсилот тавзеҳ додааст, ки иҷозат бо назардошти арзёбиҳои "Роспотребнадзор" дар мавриди вазъи эпидемиологии кишварҳо дода мешаванд.Вазорат таъкид намудааст, ки донишҷӯён бояд бархе муқаррароти беҳдоштиро риоя намоянд. Аз Тоҷикистон гарон, аз Русия арзонтар: арзиши билети парвозҳои муқаррарӣ маълум шудАз ҷумла бар асоси тартиби мақараршуда, донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, бояд донишгоҳро тавассути почтаи электронӣ на камтар аз 10 рӯз пеш аз санаи вуруд ба Русия огоҳ кунанд. Пас аз фиристодани мактуб, онҳо дар бораи тартиби вуруд маълумоти муфассал мегиранд.
https://sputnik.tj/20210404/qarori-hukumati-Rusiya-baroi-bozgashti-donishjuyon-toik-Mishustin-imzo-1033132213.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102366/25/1023662580_181:0:1621:1080_1920x0_80_0_0_5c3dea66ba02f7d95d2defd441980ae8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парвоз, донишҷӯён, дар русия
парвоз, донишҷӯён, дар русия
Нахустин гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик вориди Русия мешаванд
15:42 06.04.2021 (Навсозишуда: 14:33 12.04.2021) Нахустин гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик иборат аз 14 нафар ба наздикӣ вориди Русия мешаванд
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Нахустин гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик ба Русия сафар мекунанд, хабар дод, роҳбари маркази профориентатсияи Донишгоҳи федералии Сибир дар Тоҷикистон Акмал Ҷумъаев.
Гурӯҳ иборат аз 14 нафар мебошад, ки ҳама ба Красноярск парвоз хоҳанд кард.
Парвоз тариқи хатсайри чартерии ширкати "Уралские авиалинии" рӯзи 15 апрел сурат мегирад.
Ба гуфтаи Ҷумъаев, ба вуруди донишҷӯён ба Русия мушкиле пеш нахоҳад омад, зеро расман кишвар дар бораи иҷозаи вуруди онҳо хабар додааст.
Мо нахустин шуда аз Душанбе ба Красноярск сафар мекунем. Донишҷӯён билети парвозро аллакай харидорӣ кардаанд
Акмал Ҷумъаев
масъули Донишгоҳи федералии Сибир
Ҳамаи донишҷӯён дар курси авал таҳсил мекунанд.
Чиптаҳоро онҳо то 5,5 ҳазор сомонӣ харидорӣ кардаанд. Аммо ба гуфтаи Ҷумъаев, қисме аз ин маблағро донишгоҳ ҷуброн мекунад.
Ёдрас мекунем, сар аз моҳи марти соли 2020 донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд, бино бар далели пандемия ва баста мондани марзҳо наметавонистанд, ба Русия ворид шаванд ва ба таҳсили худ идома диҳанд.
Пештар мақомоти кишвар хабар доданд, ки нахуствазири Русия Михаил Мишустин қарореро имзо кард, ки мувофиқи он ба донишҷӯёни шаш кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иҷозаи вуруд ба Русия дода шуд.
Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия тавзеҳ додааст, ки бо қарори Ҳукумат аз 31 марти соли 2021 таҳти рақами 814 донишҷӯён, аспирантҳо,ординаторҳо ва шунавандагони факултаҳои омодагӣ аз Тоҷикистон, Венесуэла, Олмон, Сурия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка метавонанд ба Русия барои идомаи таҳсилашон баргарданд.
Вазорати илму таҳсилот тавзеҳ додааст, ки иҷозат бо назардошти арзёбиҳои "Роспотребнадзор" дар мавриди вазъи эпидемиологии кишварҳо дода мешаванд.
Вазорат таъкид намудааст, ки донишҷӯён бояд бархе муқаррароти беҳдоштиро риоя намоянд.
Аз ҷумла бар асоси тартиби мақараршуда, донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, бояд донишгоҳро тавассути почтаи электронӣ на камтар аз 10 рӯз пеш аз санаи вуруд ба Русия огоҳ кунанд. Пас аз фиристодани мактуб, онҳо дар бораи тартиби вуруд маълумоти муфассал мегиранд.