Қарори Ҳукумати Русия барои бозгашти донишҷӯёни тоҷик: Мишустин имзо кард

© Российский центр науки и культуры в ХоджентеУчастниками интеллектуально-развлекательного мероприятия «Город моей мечты»
Участниками интеллектуально-развлекательного мероприятия «Город моей мечты» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Обуна шудан
Михаил Мишустин, сарвазири Русия, бо имзои қарори Ҳукумат барои бозгашти донишҷӯёни тоҷикистонӣ барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои Русия иҷозат додааст
ДУШАНБЕ, 4 апрел - Sputnik. Донишҷӯён аз 6 кишвари дигар, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон иҷозати бозгашт ба Русия барои идомаи таҳсилро пайдо карданд, қарор кардааст, ҳукумати ин кишвар. 
Очередь в салоне сотовой связи в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Билет нест, навбат ҳаст: таҷаммӯи хоҳишмандони сафар ба Русия дар назди дӯкони билетфурӯшӣ
Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия тавзеҳ додааст, ки бо қарори Ҳукумат аз 31 марти соли 2021 таҳти рақами 814 донишҷӯён, аспирантҳо,ординаторҳо ва шунавандагони факултаҳои омодагӣ аз Тоҷикистон,  Венесуэла, Олмон, Сурия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка метавонанд ба Русия барои идомаи таҳсилашон баргарданд.
Вазорати илму таҳсилот тавзеҳ додааст, ки иҷозат бо назардошти арзёбиҳои "Роспотребнадзор" дар мавриди вазъи эпидемиологии кишварҳо дода мешаванд.
Вазорат таъкид намудааст, ки донишҷӯён бояд бархе муқаррароти беҳдоштиро риоя намоянд. Аз ҷумла бар асоси тартиби мақараршуда, донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, бояд донишгоҳро тавассути почтаи электронӣ на камтар аз 10 рӯз пеш аз санаи вуруд ба Русия огоҳ кунанд. Пас аз фиристодани мактуб, онҳо дар бораи тартиби вуруд маълумоти муфассал мегиранд.
Пассажиры первого рейса Сомон Эйр Душанбе-Бишкек - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Посухи сафорат ба 10 суоли асосӣ дар бораи парвоз ба Русия: аз нарху ҳуҷҷат то транзит
Дар баробари ташхиси коронавирус, ки на дертар аз 3 рӯз пеш аз вуруд ба Русия, анҷом дода шудааст, инчунин донишҷӯёни тоҷик бояд дар давоми 72 соат пас аз вуруд ба Русия озмоиши дуввуми “ПСР”-ро супоранд. Пеш аз гирифтани натиҷаҳои ин санҷиш, донишҷӯён бояд низоми худинзивоъро риоя кунанд.
Дар давраи хонашинӣ омӯзиш дар формати фосилавӣ сурат мегирад. Афроде, ки аз озмоиши такрорӣ нагузаштаанд, ба омӯзиши муқаррарӣ роҳ дода нахоҳанд шуд. Дар сурате агар донишҷӯён суолҳои иловагӣ дошта бошанд, метавонанд ба Маркази махсуси Вазорати илму таҳсилоти Русия тавассути телефони +7 (495) 198-00-00 ё почтаи электронии scminobr@mail.ru тамос гиранд.
Таъкид шудааст, ки раванди таълим дар донишгоҳҳои Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ бо назардошти амнияти санитарию эпидемиологӣ ташкил карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0