Шикояти кормандони роҳи Данғара аз сифати пасти либосу пойафзол ба Азим Иброҳим

© Вазорати нақлиётВазири нақлиёти Тоҷикистон дар ҳалқаи кормандони нигоҳдории роҳ дар Данғара
Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ҳалқаи кормандони нигоҳдории роҳ дар Данғара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Обуна шудан
Кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Данғара аз сифати пасти либосу пойафзори зимистона ба вазири нақлиёт шикоят кардаанд
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара бо кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Данғара, ки дар ҳудуди истироҳатгоҳи “Баҳри кабуд” ба тозакунии ҷуйборҳо ва бартарафсозии сангҳои дар роҳ фуромада машғул буданд, суҳбати корӣ анҷом дод.
Ремонт дороги. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Муроҷиати сокинон ба шаҳрдори Хуҷанд дар бораи харобии роҳ: биёеду бубинед – акс
"Кормандон гуфтанд, ки музди меҳнаташонро сари вақт мегиранд, аммо аз сифати пасти либосу пойафзоли зимистона ва тобистона, ки дар ду сол як маротиба аз тарафи Вазорати нақлиёт таъмин мегардад, изҳори норозигӣ карданд", - хабар медиҳад дафтари матбуотии вазорат.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи норозигии кормандон вазири нақлиёт аз сардори раёсатҳои молия ва корҳо талаб намуд, ки бо риояи меъёрҳои мавҷуда минбаъд пойафзоли мавсимӣ пеш аз харид кардан аз ҷониби масъулин мавриди омӯзиши ҷиддӣ  қарор дода шавад ва навъи интихобшуда танҳо босифату ҷавобгуй будан ба талабот пойафзоли мавсимӣ  интихоб ва харид гардад.
"Пойафзоли босифате бояд интихоб карда шавад, то ки кормандони муассисаҳои роҳнигоҳдорӣ тавонанд онро ду фасли сол истифода баранд", - гуфтааст вазир.  
Ҳамчунин, Азим Иброҳим ба масъулин супориш дод, ки либосҳои болопуши борониро низ ба кормандони муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо дар фасли баҳору тирамоҳ таъмин созанд.
Лентаи хабарҳо
0