Муроҷиати сокинон ба шаҳрдори Хуҷанд дар бораи харобии роҳ: биёеду бубинед – акс

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкРемонт дороги. Архивное фото
Ремонт дороги. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Обуна шудан
Сокинони маҳаллаи ба номи Камоли Хуҷандӣ иброз кардаанд, ки ин маҳалла дар маркази шаҳр ҷойгир аст, вале солҳост, ки роҳи он таъмир нашудааст
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Як гурӯҳ аз сокинони маҳаллаи Хуҷанд бо нашри чанд акс, ки вазъи хароби роҳи маҳалаеро дар маркази шаҳр бозгуй мекунанд, аз шаҳрдорӣ таклиф намудаанд, ки ба маҳаллаи онҳо низ сафар кунанд ва воқеияти ҳолро бо чашми сар дида хулоса бароранд.
Ильхом Атоев, заместитель руководителя службы связи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Сокинон аз интернету хизматрасонии паст шикоят доранд. Хадамот мегӯяд, мушоҳида накардааст
Сокинони маҳаллаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (собиқ Ходжентская), дар ин муроҷиати фейсбукии худ, Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии раиси шаҳри Хуҷандро низ ҳамроҳ намуда, иброз кардаанд, ки ин маҳалла дар маркази шаҳр ҷойгир аст, вале солҳост, ки роҳи он таъмир нашудааст.
Баҳору тирамоҳ аз ҳисоби боридани борон чуқурчаҳои роҳ аз оби борон пур шуда, гашту гузори сокинон, ба хусус пирони маҳалларо мушкил намудааст, аммо касе ба ин аҳамият намедиҳад.
“Мо истиқоматкунандагони маҳаллаи Ходжентская, ҳозира ба номи К. Хучандӣ, ҳавлиҳои 72 то 90 эҳтиромона хохиш мекунем, ки як ба маҳаллаи мо ҳам назар афканед. Мумкин, ки гузори шумо ба кӯчаи мо наафтида бошад, лекин мо шуморо эҳтиромона ба кӯчаи худ таклиф мекунем. Ташриф намоед, бубинеду хулоса бароред”, - омадааст дар муроҷиатномаи сокинон.
© Акс аз корбарони ФейсбукВазъи хароби роҳҳо дар Хуҷанд
Вазъи хароби роҳҳо дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Вазъи хароби роҳҳо дар Хуҷанд
Сокинони маҳаллаи ба номи К. Хуҷандӣ дар ин муроҷиатномаашон ҳамчунин дар бораи мушкили роҳравии пиронсолон дар ин роҳи хароб таъкид варзидаанд.
“Дар кӯчаҳои харобу пур аз обу лой афтидан ва шикастани дасту пой аз эҳтимол дур нест”, - гуфтаанд сокинон.
Дар пайи ин муроҷиатномаи сокинон дар фейсбук корбарони зиёд шаҳру тавзеҳ навиштаанд. Яке аз корбарон шарҳ додааст, ки боришоти борон дар шабрӯзи гузашта ба вайроншавии зиёд роҳҳо сабаб шудааст.
“Ин танҳо як маҳаллаи К. Хуҷандӣ нест, балки вазъи роҳҳои ҳама маҳаллаҳо ҳамин тавр хароб аст. Ягон рӯз ин роҳҳо таъмир мешудагистанд”.
Корбари дигаре дар посух ба он навиштааст, ки “агар бо сифат таъмир мекарданд, шояд ин тавр намешуд, зеро мухлати истифодабарии роххо дах сол аст”.
Сомони и доллары, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.02.2020
Пулу мошинро гирифтанд: шикояти сокинон аз фиребкорӣ дар Душанбе
Корбари сеюм дар посух ба он гуфтааст, ки “Ин тангкуча аз замони шӯравӣ то ҳол асфалт нашудааст, дар хотир дорам, ки барои эмин будан аз роҳи калони мошингузар мо дар ин кӯча ҳамроҳ бо ҳамсолонам футбол ва хокей бозӣ мекардем. Он вақт ман тақрибан 12-14 сола будам, ҳоло синам ба 51 расидааст”.
Дар ҳамин ҳол Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии ҳукумати Хуҷанд ба муроҷиаткунандагон дар бораи расонидани ин мушкилашон ба масъулини ҳукумат хабар додааст.
“Ин муаммо ба таваҷҷӯҳи масъулин раоснида шуд. Агар сокинони маҳалла ҳам, барои ободонии кӯчаашон намоянд, шаҳрдорӣ ҳатман дастгирӣ мекунад”, - посух додааст ӯ.
Сокинон, муроҷиат ба ҳукумат ва ё унвонии масъулини мақомоти давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоиро, аз роҳҳои осон ва дар айни ҳол зудбаррасишаванда арзёбӣ мекунанд. Давоми соли 2020 ба унвони ҳукумати вилояти Суғд, дар маҷмӯъ 4175 нафар муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумор 187 муроҷиат тавассути “Viber” сурат гирифтааст.
Аҳмадзода ба масъулини Конибодом: як моҳ муҳлат барои ҳалли шикоятҳои сокинон
Раҷаббой Аҳмадзода, зимни баргузории нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон шарҳ дода буд, ки бештари мавридҳо сокинон барои ҷудо намудани қитъаи замин, таъмин шудан бо манзили зист, барои хариддорӣ намудани масолеҳи сохтмонӣ, барқарор намудани вазъи саломатӣ ва харидани доруворӣ, ба унвонии ӯ ба ҳукумат муроҷиат кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0