https://sputnik.tj/20210405/Vladimir-Putin-Majlis-Federali-1033137420.html
Путин паёмашро ба Маҷлиси Федералӣ ирсол мекунад
Путин паёмашро ба Маҷлиси Федералӣ ирсол мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин рӯзи 21 апрел дар Маҷлиси федералӣ суханронӣ хоҳад кард. Дар ин бора сухангӯи президент Дмитрий Песков хабар дод 05.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-05T17:45+0500
2021-04-05T17:45+0500
2021-04-12T14:33+0500
ҳамаи хабарҳо
дар русия
владимир путин
паём
маҷлиси федералӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/04/1032942897_0:0:2957:1663_1920x0_80_0_0_4966e7910f66f0830f0b6cdbab333f6d.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Дмитрий Песков гуфт, ки макони баргузории чорабинӣ замоне эълон мешавад, ки рӯзноманигорон сабти ном шаванд.Мавзӯъҳои асосии ин мулоқот эълон нашудааст.Владимир Путин соле як маротиба ба парлумон бо паём дар бораи вазъи кишвар ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муроҷиат мекунад.Ин як санади барномавии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки биниши векторҳои стратегии рушди Русияро дар ояндаи наздик ифода мекунад.Он муқаррароти сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, инчунин пешниҳодҳои мушаххас оид ба фаъолияти қонунгузории ҳарду палатаи Маҷлиси Федералиро дар бар мегирад.Аз рӯи анъана, дар ин чорабинӣ сенаторҳо, вакилони Думаи давлатӣ, аъзои ҳукумат, роҳбарони судҳои конститутсионӣ ва олӣ, губернаторҳо, раисони маҷлисҳои қонунгузории сохторҳои кишвар, роҳбарони конфессияҳои анъанавӣ, ходимони ҷамъиятӣ ва сармуҳаррирони васоити ахбори омма ширкат мекунанд.Соли гузашта Путин рӯзи 15 январ паёмашро ироа карда буд, ки як соату 12 дақиқа давом кард.
https://sputnik.tj/20200924/Peshbarii-Vladimir-Putin-ba-joiza-Nobel-1031955077.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/04/1032942897_96:0:2827:2048_1920x0_80_0_0_1ba490b08544acef5e21c96d1dc38eea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар русия, владимир путин, паём, маҷлиси федералӣ
ҳамаи хабарҳо, дар русия, владимир путин, паём, маҷлиси федералӣ
Путин паёмашро ба Маҷлиси Федералӣ ирсол мекунад
17:45 05.04.2021 (Навсозишуда: 14:33 12.04.2021) Владимир Путин рӯзи 21 апрел дар Маҷлиси федералӣ суханронӣ хоҳад кард. Дар ин бора сухангӯи президент Дмитрий Песков хабар дод
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Дмитрий Песков гуфт, ки макони баргузории чорабинӣ замоне эълон мешавад, ки рӯзноманигорон сабти ном шаванд.
Мавзӯъҳои асосии ин мулоқот эълон нашудааст.
"Мо одатан на мундариҷа ва на мавзӯъҳои алоҳидаеро, ки дар паём ба онҳо дахл хоҳад шуд, эълон намекунем. Мо ҳоло ин корро намекунем", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Владимир Путин соле як маротиба ба парлумон бо паём дар бораи вазъи кишвар ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муроҷиат мекунад.
Ин як санади барномавии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки биниши векторҳои стратегии рушди Русияро дар ояндаи наздик ифода мекунад.
Он муқаррароти сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, инчунин пешниҳодҳои мушаххас оид ба фаъолияти қонунгузории ҳарду палатаи Маҷлиси Федералиро дар бар мегирад.
Аз рӯи анъана, дар ин чорабинӣ сенаторҳо, вакилони Думаи давлатӣ, аъзои ҳукумат, роҳбарони судҳои конститутсионӣ ва олӣ, губернаторҳо, раисони маҷлисҳои қонунгузории сохторҳои кишвар, роҳбарони конфессияҳои анъанавӣ, ходимони ҷамъиятӣ ва сармуҳаррирони васоити ахбори омма ширкат мекунанд.
Соли гузашта Путин рӯзи 15 январ паёмашро ироа карда буд, ки як соату 12 дақиқа давом кард.