Вазири меҳнат аз ҳоли Раънои китобхон дар беморхона хабар гирифт - акс

© Facebook / Shirin AmonovaШирин Амонзода, министр труда РТ навестила Раъно Насриддинову, победителницу республиканского конкурса по чтению книг в болнице
Ширин Амонзода, министр труда РТ навестила Раъно Насриддинову, победителницу республиканского конкурса по чтению книг в болнице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Обуна шудан
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, аз ҳоли Раъно Насриддинова, барандаи Шоҳҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар беморхона хабар гирифтааст
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Амонзода мегӯяд, дар бемористон низ Раъно шиддати дардро бо китобхонӣ кам мекунад.
“Дар ҳоле, ки аз шиддати дард лаб мегазад, аз шунидани номи китоб чеҳрааш пуртабассум мегардад, мешукуфад. Раъно воқеан мубориз аст, дардро бо хониш саркӯб мекунад. Шифои оҷилу комил бароят, духтари хонову донои миллат!”, - навиштааст вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Насриддинова ахиран ҷарроҳиро аз сар гузаронд. Духтурон гуфтанд, ки ӯ бемории курруда (аппендицит) шудааст ва амалиёти тиббӣ хуб анҷом шудааст.
Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 28 – и деҳаи Сории шаҳри Панҷакент аст, ки дар моҳи декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе, барандаи Шоҳҷоизаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардид.
Народный поэт Аскар Хаким - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2020
"Сахт зид буданд": Аскар Ҳаким гуфт, чигуна роҳи Раъноро аз Суғд то Душанбе боз кард
Доварони озмун якдилона аз ҷамъи иштирокчиён шоҳҷоизаро ба ин хонанда аз Панҷакент сазовор донистанд. Барои ин пирӯзаш ба Насриддинова 60 ҳазор сомонӣ тақдим шуд.
Раъно Насриддинова баъди комёб шудан дар озмуни китобхонӣ дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон иброз намуда буд, ки шавқи китобхонияш аз кӯдакӣ зуҳур кардааст.
“Дар як солу ду сол тайёрӣ дидан ба ин ин гуна озмуни бузург кори душвор аст ва ҳар касе, ки мехоҳад дар ин инчунин чорабиниҳо номвар шаваду ҷоиза ба даст орад, бояд меҳру муҳаббати комил ба адабиёт дошта бошад. Бе заминаи хурдсолӣ ба китобхонӣ ба муваффақият ноил шудан кори душвор аст”,  - таъкид намуда буд, барандаи “Шоҳҷоиза”.
Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” имсол низ дар назар буда, барои баргузорияш беш аз 2,8 миллион сомонӣ аз буҷа ҷудо карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0