ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Чанд рӯз пеш дар Тоҷикистон озмуни сартосарии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"-ро ҷамъбаст карданд. Ин озмун ҳамакнун соли дувум аст, ки дар кишвар бо пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон баргузор карда мешавад.
Имсол "Фурӯғи субҳи доноӣ" дар панҷ номинатсия ҷамъбаст гардида, дар давраи ниҳоӣ - ҷумҳуриявӣ барандагони ҷойҳои 1, 2 ва 3 муаррифӣ шуда, ҷоиза гирифтанд. "Шоҳҷоиза"-и озмун насиби Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11-уми мактаби миёна аз шаҳри Панҷакент гардид.
Sputnik Тоҷикистон дар пайи ҷамъбасти ин озмуни бузург бо узви ҳакамони он, Аскар Ҳаким, шоири мардумии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва собиқ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар бораи таассурот, барандаи шоҳҷоиза ва камбудиҳои озмун суҳбат карда, бархе пешниҳодҳояшро баён дошт.
Озмун то рафт комилтар мешавад
Аскар Ҳаким мегӯяд, инак соли дувум аст, ки "Фурӯғи субҳи доноӣ"-ро доварӣ мекунад ва бартариҳои зиёдеро дар озмуни имсола шоҳид шуд. Вай қайд мекунад, пеш аз ҳама озмун имсол мукаммал гардид - довталабонро аз рӯи синну сол ба гурӯҳҳо тақсим карданд ва дастуре омода шуд, ки иштирокчиён бояд онро ба инобат мегирфтанд ва як номинатсияи дигар - шоирони ҷавон ворид карда шуд.
Тавре шоири мардумии Тоҷикистон меафзояд, бар ҳамаи ин нигоҳ накарда, имсол низ пешниҳодҳои комилтар намудани "Фурӯғи субҳи доноӣ" чи аз ҷониби ҳакамон ва чи аз ҷониби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд буданд.
Раҳмонзода рӯзи баргузории даври ниҳоии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ..." - ро муайян кард
"Масалан, ҳоло ҳам зарур аст, ки хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ақалан ба ду гурӯҳ ҷудо карда шаванд: – то синфи 8 ва аз синфи 8 то 11. Дар ин ҳолат қазоват ва доварӣ низ одилонатар хоҳад шуд, зеро дар хондану аз бар кардан, синну сол аҳамияти калон дорад", - таъкид мекунад шоири тоҷик.
Дар мавриди пешниҳодҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ироа гардиданд, аз ҷумла дар бораи иштироки довталабон аз Эрону Афғонистон, Аскар Ҳаким мегӯяд, "ғайриимкон аст".
"Ин кор - кори мушкил аст, зеро онҳо аз давлати дигар ҳастанд; як олам мушкилоти худашро дорад, ҳарфро гуфтанаш осон, вале иҷро карданаш, мушкил аст. Афзун бар ин, барномаи таълими мо дигар ва аз онҳо дигар аст. Ин кор иҷронашаванда аст", - тавзеҳ медиҳад довари озмун.
Ду маротиба ба ҷонибдории Раъно Насриддинова хеста, сухан кардам
Ба гуфтаи шоири тоҷик, роҳи Раъно Насриддинова, то гирифтани ҷоизаи баландтарини китобхонӣ, чуноне ки дар як назари аввал менамояд, ҳамвор набуд: бархеҳо барои роҳ ёфтани вай ба давраи ҷумҳуриявӣ сахт зиддият нишон доданд.
Аммо, меафзояд Аскар Ҳаким, ӯ истеъдод ва дониши Насриддиноваро ба назар гирифта, сахт пофишорӣ кард, ки духтарак ҷоизаи махсусро гирад.
"Дар ҷамъбасти давраи вилоятии озмун, аз ҷониби раиси вилояти Суғд ба ғолиби озмун, ҷоизаи махсус ҷудо карда шуда буд ва барои ба кӣ додани ин ҷоиза дар байни ҳакамон мубоҳисаи дурудароз авҷ гирифт. Он ҷо се нафар даъвогар буданд ва дар охир ду нафар даст кашиданд ва Раъно Насриддинова танҳо монд. Аъзои ҳакамон ба Насриддинова саволҳои худро пешниҳод карданд ва ӯ посух ҳам дод, аммо мутаассифона, бархе аз аъзои ҳакамон сахт зиддият нишон медоданд, ки ҷоизаи махсус ба Раъно Насриддинова дода шавад", - нақл мекунад Аскар Ҳаким.
Вай меафзояд, "ду маротиба ба ҷонибдории Раъно хеста ҳарф задам ва дар охир, вақте дидам, ки ба як хулоса омадан мушкил аст, ман чанд далел овардам ва гуфтам, ки аввалан Раъно Насриддинова бисёр соҳибистеъод аст ва баробари соҳибистеъдодӣ хело заҳмат кашидааст".
Кӣ донотар: оғози даври шаҳрии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар Душанбе
"Дар як деҳаи дурдаст омӯхтани забони инглисӣ, русӣ ва тоҷикӣ ва бо ин се забон шеър навиштан ва ҳатто китобча ҳам чоп карда буд ва дар он китобаш ба шеърҳои тоҷикиаш Фарзона, шоири халқии Тоҷикистон баҳои баланд дода буд, шеърҳои русиаш Темур Зулфиқоров, шоир ва нависандаи забардасти забони русӣ баҳои хуб дода буд, ҳамин кофӣ буд, ки вай аз дигарон чанд сару гардан боло шинохта шавад", - мегӯяд шоири мардумӣ.
Ман дар охир маҷбур шудам, то ба раиси маҷлис муроҷиат кунам, ки ман аз шумо хоҳиш ва талаб дорам, ки ин пешниҳоди маро новобаста аз он ки баъзе аъзои ҳакамон зиддият нишон медиҳанд, овоз дода шавад. Ва ҳар касе, ки зид бошад овоз диҳад. Ва ниҳоят раиси маҷлис ин корро ба ҷо овард ва Раъно танҳо бо зиддияти як нафар барандаи ҷоизаи махсуси раиси вилояти Суғд шуд, таъкид мекунад Аскар Ҳаким.
Донишҷӯён хунукназарӣ карданд?
Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон дар масоили фарҳангӣ эрод гирифт, ки дар озмун теъдоди ками донишҷӯён иштирок карданд. Шоири тоҷик мегӯяд, дар ҳақиқат донишҷӯён кам буданд ва ӯ сабабашро дарк кард.
"Шояд сабабаш дар он аст, ки донишҷӯён барномаи мукаммали худро доранд, ки дар давоми сол онро бояд аз худ кунанд ва тайёр шудан низ ба озмун вақти зиёд мехоҳад. Ман фикр мекунам ки донишҷӯ агар ба ин машғул шавад, барномаи донишгоҳро иҷро карданаш имкон надорад", - қайд мекунад ва изҳори умедворӣ мекунад, ки новобаста аз ин умед дорад, ки соли оянда донишҷӯён низ шомили озмун мешаванд.
"На ҳама розӣ": Аскар Ҳаким мегӯяд, озмуни китобхонӣ мағлуб надорад
Новобаста аз он, ки ғолибони "Фурӯғ" аз озмун изҳори хушнудӣ мекарданд, нафароне ҳам пайдо шуданд, ки онро ноодилона гуфтанд. Аскар Ҳаким мегӯяд, ин норозигиҳо - табиистанд.
"Ин табиати одамист. Ҳиҷ вақт аз ин гуна озмунҳо ҳама розӣ нахоҳад шуд, махсусан дар давраи ҷумҳуриявӣ. Ман дар ҳамон номинатсияе, ки баҳогузорӣ кардам, ман сад дар сад ба одилона гузаштани баҳогузории аъзои ҳакамон кафил ҳастам ва ҳеҷ кас аз будаш зиёдтар ва ё камтар ба иштирокчиён баҳогузорӣ накардааст", - таъкид мекунад Аскар Ҳаким.
Ба гуфтаи шоири мардумии Тоҷикистон, дар ин озмун мағлубе нест.
Ин “план”- и пахта нест: Чанд андешаи Ҳафиз Раҳмон оид ба озмуни “Фурӯғ”
"Оё китоб мехонад ва дониш пайдо мекунад, завқи зебошиносияшро, адабиётшиносиашро сайқал медиҳанду мағлуб мешаванд?!", - саволгузорӣ мекунад вай.
Дар ин озмун ҳамаи иштирокдорон, аллакай ғолибанд, қайд мекунад довари "Фурӯғи субҳи доноӣ" Аскар Ҳаким.