Русия мушаххас дорад, ки Ғарб то куҷо омадааст ба оташи ҷанги Донбасс равған резад

© Sputnik / Sergey Baturin / Гузариш ба медиабонкБоевые снаряды, собранные кузнецом из Донецка Виктором Михалёвым для изготовления сувениров
Боевые снаряды, собранные кузнецом из Донецка Виктором Михалёвым для изготовления сувениров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Обуна шудан
Ахиран музокирот миёни раҳбарони Русия, Олмон ва Фаронса анҷом ёфт, ки дар он вазъи Донбасс баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 5 апрел – Sputnik, Ирина Алкснис. Мақомоти Украина мутмаин буд, ки бе ҳузури намояндаи ин кишвар дар ҳеҷ як видеоконфронсе мавзӯи Донбасс баррасӣ намешавад.
Путин дар бораи гарм шудани муносибатҳои Русия ва Украина - YouTube - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2019
Нишасти "Формати Нормандӣ" боиси гарм шудани равобити Русия ва Украина шудааст
Мақомоти Украина ҳанӯз дарк накардаанд, ки барои нигоҳ доштани обрӯи худ набояд изҳороти оммавӣ кард, то ин ки ҳамон обрӯи боқимондаро аз даст надиҳанд. Маълум аст, ки кишварҳои абарқудрат тақдири Украинаро бидуни ҳузури намояндагони ин кишвар ҳал мекунанд. Пас, бо изҳори норозигӣ, онҳо танҳо мавқеи худро паст мезананд.
Онҳо имкони ҳифзи обрӯ доштанд, зеро дар ибтидо Маскав ҳайати иштирокдорони гуфтугӯи ояндаро шарҳ дода гуфт, ки Путин, Меркел ва Макрон ният доранд, на танҳо дар бораи Донбасс сӯҳбат кунанд, балки  "масъалаҳои зиёди дигаре низ барои муҳокима вуҷуд дорад".
Аммо, пас аз тавзеҳи Киев, Кремл изҳор дошт, ки дар музокирот дар шакли Нормандӣ мушкилот мавҷуд аст. Сухангӯи раисҷумҳури Русия  таъкид кард, ки "дар замони президентии Зеленский, дар иҷрои маҷмӯи тадбирҳои Минск ва ҳам созишномаҳои баъдӣ, ки дар Париж ҳосил шуда буданд, пешрафте нест. Умуман, дар чаҳорчӯбаи дипломатӣ ба таври равшантар изҳори ақида кардан қобили қабул нест, ва Маскав аслан хоҳиши гуфтугӯ бо роҳбарияти Украинаро надорад, зеро ин маънӣ ҳам надорад.
Гузашта аз ин, ба сабаби тезутунд шудани вазъ дар Донбасс ва ба он ҷо кашида шудани низомиёни Украина сӯҳбати холиро талаб намекунад.
Дар тӯли шаш соле, ки пас аз имзои созишномаҳои Минск гузашт, дар Донбасс зуд-зуд вазъ шиддат мегирад. Аммо, ҳар дафъа онҳо ба як ҳодисаҳои алоҳида маҳдуд мешуданд ва ба ҷанги васеъ табдил намеёфт. Ин гуна ҳолат тобистони соли гузашта, вақте ки шиддатнокии хеле ҷиддӣ ба амал омад, ба назар расид. Оқибат тарафҳо барои сулҳ тавофуқ карданд.
Парчами Иттиҳоди Аврупо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2015
Тамдиди таҳримҳои ИА алайҳи шаҳрвандони Русия ва Украина
Сабаби асосии ин ҳолат таваҷҷӯҳи Ғарб ба барқарорнашудани ҷанг буд, гарчанде нафароне буданд, ки изтироб мезаданд ва аз ториктарин ва хунинтарин рӯзҳо пешгӯӣ мекарданд.
Бояд хотиррасон кард, ки Ғарб, дар симои Аврупо, ба созишномаҳои Минск амалан бо маҷбурӣ рафт. Киев дар майдони ҷанг шикасти ҷиддӣ хурд - онро бояд наҷот медоданд. Аммо Русияро маҷбур карда натавонист, ки ба муноқиша дахолати низомӣ намояд ва дар ҳақиқат дар аввали соли 2015 маълум шуд, ки тамоми вазъ дар атрофи Украина ҳамон тавре, ки ва  меъморони Евромайдон ва бадбинони Русия тарҳрезӣ карда буданд фарқ мекунад.
Дар натиҷа, ҷангӣ дар Донбасс бас шуд. Дар ниҳоят Аврупо мутмаин шуд, ки Русияро мувофиқи нақшаи пешбинишуда шикаст додан –айри имкон аст ва тадриҷан ба барқарор намудани ҳамкориҳои дуҷониба шурӯъ кард - барои дастгирии моҷароҷӯёни низомии Украина вақт набуд. Дар Амрико президент иваз шуд ва барои Трамп Чин ҳадафи асосии фишори сиёсати хориҷӣ гардид.
Ғайр аз он, худи Украина барои Ғарб як ноумедии азиме табдил ёфт ва тақрибан ҳамаи интизориҳои ба он додашударо тағйир дод. Барои Украина масъалаи Донбасс, охирин корте дар муносибатҳои минбаъдааш бо Аврупо ва Амрико боқӣ монд. Киев мунтазам дар Донбасс вазъро бармеангехт, ба ин васила тамоми ин солҳо таваҷҷӯҳро ба умеди кумаки дилхоҳ ҷалб мекард.
Дар Амрико на танҳо демократҳо, балки намояндагони он қисми муассисаи амрикоӣ, ки дар паси сар задани ҷанг дар Донбасс дар соли 2010 истода буданд, ба қудрат баргаштанд. Гузашта аз ин, онҳо амалкарди чунин сатҳи харобкориро дар аввалини сиёсати хориҷиашон пеш гирифтанд, ки истисно нест, ки онҳо аз сухан ба як низоъ гузаранд.
Мусоҳибаи бузурги Лавров: бӯҳрон дар Украина, равобити ФР бо ИМА, муқобала бо ДИ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2015
Мусоҳиба бо Лавров: бӯҳрон дар Украина, равобити Русия ва ИМА, муқобала бо ДИ
Дар ин тарафи уқёнус ҳам вазъ осон нест. Аврупо, сатҳи русбадбиниро баланд бардошта, муносибатҳояшро бо Русия ба поинтарин нуқта овардааст. Иттиҳодияи Аврупо ин корро мустақилона ва бо ихтиёри худ кард - пештар аз омадани Ҷо Байден ба Кохи Сафед. Пас, ин дафъа амали аврупоиҳоро наметавон ба зарурати иҷбории пайравӣ аз паси Вашингтон хонд.
Дар бораи сабабҳои иқдомҳои Аврупо ва ҳадафҳои он баҳс кардан мумкин аст, аммо муҳимтар аз ҳама он аст, ки Аврупо бо ин амал то куҷо мехоҳад биравад. Айни замон, яке аз саволҳои муҳим ин аст, ки оё сиёсати зидди Русиягии пешгирифтаи Аврупо ин фаъолона дастгирии Киевро дар соҳаҳои низомӣ аст ё на?
Маҳз ҳамин вазъ гуфтугӯи Владимир Путин бо раҳбарони Олмон ва Фаронсаро муҳим арзёбӣ мекунад. Сухан на танҳо дар бораи возеҳу равшан кардани мавқеъ, балки ҳамчунин далелҳои дар ихтиёри президенти Русия буда меравад. Путин мехоҳад ба ҳамтоёни Аврупоии худ аз пешгирифтани чунин иқдом худдорӣ намоянд, чун он оқибатҳои он на танҳо барои Украина балки барои Аврупо низ ҷиддӣ хоҳад буд.
Бо Киев, тавре ки таҷрибаи фаровони гузашта нишон дод, воқеан сӯҳбат дар бораи ин гуна мавзӯъҳо маънӣ надорад.
Лентаи хабарҳо
0