Тамдиди таҳримҳои ИА алайҳи шаҳрвандони Русия ва Украина

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкПарчами Иттиҳоди Аврупо. Акс аз бойгонӣ
Парчами Иттиҳоди Аврупо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳлати таҳримҳои инфиродии Иттиҳоди Аврупо алайҳи шахсони воқеию ҳуқуқӣ аз Русия ва Украина, ки қарор буд, 15 сентябр ба поён бирасад, то моҳи марти 2016 тамдид гардиданд.

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Таҳримҳои инфиродии Иттиҳоди Аврупо алайҳи шахсони воқеию ҳуқуқӣ аз Русия ва Украина то моҳи марти соли 2016 тамдид шуданд.

Тамдиди таҳримҳо барои як нимсолаи дигар дар ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди Аврупо рӯзи душанбе сурат гирифтааст. Муҳлати таҳримот мебоист 15 сентябри соли равон ба поён бирасанд.

Русия - Ғарб: ҷанги таҳрим

Ин таҳримҳо алайҳи шахсонеанд, ки ба иддаои Иттиҳоди Аврупо гӯиё дар халалдор кардани тамомияти арзӣ ва ҳокимияти Украина даст доранд. Ба сардӣ гаравидани  равобити Русия бо Ғарб ба ҳаводиси Украина рабт дорад. Моҳи июли соли 2014 Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар баробари шахсони воқеию ҳуқуқӣ алайҳи тамоми бахши иқтисодии Русия ҳам таҳрим эълон карданд. Русия низ дар навбати худ ворид кардани маводи ғизоӣ аз кишварҳое, ки алайҳи он таҳрим ҷорӣ кардаанд, маҳдуд кард.

Моҳи июни соли 2015 Русия дар посух ба тамдиди таҳримҳо маҳдудият дар воридоти маводи ғизоиро ҳам то 5 августи соли 2016 дароз намуд.

 

Лентаи хабарҳо
0