https://sputnik.tj/20210405/Raqiboni-pahlavon-tojik-Bishkek-malum-1033138867.html
Рақибони паҳлавонҳои тоҷик дар Бишкек маълум шуданд
Рақибони паҳлавонҳои тоҷик дар Бишкек маълум шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон аз натиҷаи қуръакашӣ барои иштирок дар Чемпионати Осиё-Уқёнусия - “Аsia-Oceania Senior Championships”, ки дар Бишкек баргузор... 05.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-05T20:49+0500
2021-04-05T20:49+0500
2021-04-06T14:34+0500
ҳамаи хабарҳо
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102451/74/1024517402_0:0:1495:841_1920x0_80_0_0_0c9dd124994a6ef5112a91b10b2d8008.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, рақибони паҳлавонҳои тоҷик дар ин сабқати ҷаҳонӣ, ки аз 5 то 9 –уми апрел даро шаҳри Бишкек баргузор мегардад, муайян шуданд. Дар маҷмуъ дар ин зӯрозмоӣ 215 варзишгар аз 30 давлати дунё иштирок хоҳанд кард. Бар асоси натиҷаҳои қуръакашӣ, дар даври аввали вазни 48 кило миёни занон Ка Ки Вонг аз Ҳонконг ва Шукрона Карчиева аз Тоҷикистон зӯрозмоӣ мекунанд. Дар вазни то 52 кило Гулбодом Бобомуродова аз Туркманистон ва Аҳлия Мӯъминова аз Тоҷикистон майдондорӣ мекунанд.Тинка Истон аз Австралия бо Фазилат Гулбоева аз Тоҷикистон ба майдон мебарояд.Федератсияи ҷудо дар мавриди натиҷаҳои қуръакашӣ барои сабқати мардон, иттилоъ дод, ки паҳлавонҳои тоҷик Сомон Маҳмадбеков бо Айяш Ахмед аз Яман, Акмал Муродов бо Халил Ребаҳи аз Қатар зӯрозмоӣ мекунад.Дар вазни то 81 кило Мун Ҷин ЛИ аз Кореяи Ҷанубӣ бо Ҳақназар Назаров аз Тоҷикистон, дар вазни то 90 кило Комроншоҳ Устопириён бо Шатлик Тораев аз Туркманистон майдондорӣ мекунанд.Давлат Бобонов (Ӯзбекистон) бо Ҷаҳонгир Маҷидов ва дар вазни то 100 кило Кайхан Озчичека-Такаги аз Австралия бо Мансур Раҳмон ба майдон мебароянд.Дар вазни беш аз 100 кило Темур Раҳимов (Тоҷикистон) – Карам Бир Карам (Ҳиндустон) ва Алишер Юсупов (Ӯзбекистон) – Хуршед Маҷидов (Тоҷикистон) зӯрозмоӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20210329/Kulob-Rasul-Boqiev-to-bokhti-shogirdoni-rusash-1033094290.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102451/74/1024517402_28:0:1468:1080_1920x0_80_0_0_1375502ad10988b444d2db98f033fd38.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, навигариҳои варзиши тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, навигариҳои варзиши тоҷикистон
Рақибони паҳлавонҳои тоҷик дар Бишкек маълум шуданд
20:49 05.04.2021 (Навсозишуда: 14:34 06.04.2021) Федератсияи ҷудои Тоҷикистон аз натиҷаи қуръакашӣ барои иштирок дар Чемпионати Осиё-Уқёнусия - “Аsia-Oceania Senior Championships”, ки дар Бишкек баргузор мешавад, хабар дод
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, рақибони паҳлавонҳои тоҷик дар ин сабқати ҷаҳонӣ, ки аз 5 то 9 –уми апрел даро шаҳри Бишкек баргузор мегардад, муайян шуданд. Дар маҷмуъ дар ин зӯрозмоӣ 215 варзишгар аз 30 давлати дунё иштирок хоҳанд кард.
Бар асоси натиҷаҳои қуръакашӣ, дар даври аввали вазни 48 кило миёни занон Ка Ки Вонг аз Ҳонконг ва Шукрона Карчиева аз Тоҷикистон зӯрозмоӣ мекунанд. Дар вазни то 52 кило Гулбодом Бобомуродова аз Туркманистон ва Аҳлия Мӯъминова аз Тоҷикистон майдондорӣ мекунанд.
Тинка Истон аз Австралия бо Фазилат Гулбоева аз Тоҷикистон ба майдон мебарояд.
Федератсияи ҷудо дар мавриди натиҷаҳои қуръакашӣ барои сабқати мардон, иттилоъ дод, ки паҳлавонҳои тоҷик Сомон Маҳмадбеков бо Айяш Ахмед аз Яман, Акмал Муродов бо Халил Ребаҳи аз Қатар зӯрозмоӣ мекунад.
Дар вазни то 81 кило Мун Ҷин ЛИ аз Кореяи Ҷанубӣ бо Ҳақназар Назаров аз Тоҷикистон, дар вазни то 90 кило Комроншоҳ Устопириён бо Шатлик Тораев аз Туркманистон майдондорӣ мекунанд.
Давлат Бобонов (Ӯзбекистон) бо Ҷаҳонгир Маҷидов ва дар вазни то 100 кило Кайхан Озчичека-Такаги аз Австралия бо Мансур Раҳмон ба майдон мебароянд.
Дар вазни беш аз 100 кило Темур Раҳимов (Тоҷикистон) – Карам Бир Карам (Ҳиндустон) ва Алишер Юсупов (Ӯзбекистон) – Хуршед Маҷидов (Тоҷикистон) зӯрозмоӣ мекунад.