Эълони беҳтарин боғ, кӯча ва гулпарвари Душанбе

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПарк имени Кира Великого в Душанбе
Парк имени Кира Великого в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе дар ҷамъбасти озмуни “Сайри гули лола”, ки бо амри раисиҷумҳур баргузор мешавад, беҳтарин боғ, гулпарвар ва кӯчаи пойтахтро эълон кард
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Толиб Раҳимзода, ноиби раиси шаҳри Душанбе, мегӯяд, озмуни ҷумҳуриявии гулҳо – “Сайри гули лола” бо дастури раисиҷумҳур тайи солҳои 2019 – 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ гузаронда мешавад.
Подведены итоги городского тура конкурса «Лучший ресторан Душанбе» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Ҳукумат беҳтарин тарабхонаи Душанберо эълон кард
Ба иттилои шаҳрдорӣ, дар номинаи боғи беҳтарин, Боғи ба номи Аҳмади Дониш, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир аст, ҷойи 1-ум гирифта, ҷойҳои 2-юмро Боғи Устод Рӯдакӣ ва “Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С. Айнӣ соҳиб шудаанд. Зинаи сеюм насиби Муассисаи давлатии “Боғи ботаникии Тоҷикистон” ва Боғи Куруши Кабир гардид.
Дар номинатсияи “Гулгашти беҳтарин” - Гулгашти назди Сирки давлатӣ (ноҳияи Фирдавсӣ) зинаи аввал, Гулгашти хиёбони Рӯдакӣ (ноҳияи Шоҳмансур) зинаи дуюм ва Гулгашти кӯчаи Карамов (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) зинаи сеюмро соҳиб гардиданд.
Кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур беҳтарин кӯча эълон шуда, дар пайи он кӯчаи Нусратулло Махсум ва хиёбони Рӯдакӣ ҷой гирифтаанд.
Гулпарвари беҳтарин - Ғафорова Гулнигор Шарофовна муовини директори Муассисаи давлатии ”Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал”, дониста шуда, ҷойи 2-юмро Шеров Шариф Раҳимович ва ҷойи сеюмро Абдуллозода Таманно корманди муассисаи “Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон”-и ноҳияи Шоҳмансур касб кардааст.
Шаҳрдорӣ таъкид намудааст, ки барои ғолиби ҷойи якуми озмун “Дипломи дараҷаи 1” ва мукофот ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, барои ғолиби ҷойи дуюм диплому 7 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи сеюм диплому 5 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Лентаи хабарҳо
0