https://sputnik.tj/20210319/hukumat-behtarin-tarabkhona-Dushanbe-1033034836.html
Ҳукумат беҳтарин тарабхонаи Душанберо эълон кард
Ҳукумат беҳтарин тарабхонаи Душанберо эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати шаҳри Душанбе аз ҷамъбасти озмуни Беҳтарин тарабхонаи пойтахт хабар дод, ки бар асоси қарори шаҳрдор, Рустами Эмомалӣ баргузор шуд 19.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-19T18:28+0500
2021-03-19T18:28+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
фарҳанг
тарабхонаи беҳтарин
озмун
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033034119_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_7d898f8ddb1f637d3be8e728374beee4.jpg
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо имзои қарор дар бораи баргузории озмуни Беҳтарин тарабхонаи пойтахт, ҳадафи онро рушди соҳибкорӣ, ҳавасмандгардонии соҳибкорон, беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ хондааст.Комиссияи даври шаҳрии Озмуни “Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе” эълон кард, ки ғолиби даври шаҳрии озмун тарабхонаи “Шарбат” мебошад. Роҳбарияти “Шарбат” ҷоизаи ғолиби озмуни “Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе дар соли 2020” ва диплому туҳфаҳои хотиравии шаҳрдориро соҳиб гардид, иттилоъ дод котиботи ҳукумати пойтахт.Манбаъ афзуд, ҳамзамон, ба тарабхонаҳои “Яккасарой”, “Дидор”, “Шаҳрисабз” ҷойҳои ифтихорӣ дода шуда, ба онҳо низ сипосномаю туҳфаҳои хотиравии шаҳрдолрии Душанбе тақдим гардид.Котиботи шаҳрдорӣ тавзеҳ дод, ки дар асоси Низомнома тарзи дастархонороӣ, тарзи хизматрасонии пешхизмат, муносибати пешхизматону масъулини тарабхонаҳо бо мизоҷон, тарзи дурусти оро додани дастархон бо маҳсулоти хӯрока ва истифодаи санъати баланди ороишӣ ва ғояҳои мухталифи сарошпаз ва дигар нишондодҳо ба инобат гирифта шудаанд.
https://sputnik.tj/20201203/Ahmadzoda-ba-maydoni-sokhtmoni-tarabkhonai-Forel-raft-1032387319.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033034119_52:0:944:669_1920x0_80_0_0_3be24cd812b6fcd52fddbfb2fa5afa60.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, тарабхонаи беҳтарин, озмун, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, тарабхонаи беҳтарин, озмун, дар тоҷикистон
Ҳукумат беҳтарин тарабхонаи Душанберо эълон кард
18:28 19.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Ҳукумати шаҳри Душанбе аз ҷамъбасти озмуни Беҳтарин тарабхонаи пойтахт хабар дод, ки бар асоси қарори шаҳрдор, Рустами Эмомалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо имзои қарор дар бораи баргузории озмуни Беҳтарин тарабхонаи пойтахт, ҳадафи онро рушди соҳибкорӣ, ҳавасмандгардонии соҳибкорон, беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ хондааст.
Комиссияи даври шаҳрии Озмуни “Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе” эълон кард, ки ғолиби даври шаҳрии озмун тарабхонаи “Шарбат” мебошад. Роҳбарияти “Шарбат” ҷоизаи ғолиби озмуни “Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе дар соли 2020” ва диплому туҳфаҳои хотиравии шаҳрдориро соҳиб гардид, иттилоъ дод котиботи ҳукумати пойтахт.
Манбаъ афзуд, ҳамзамон, ба тарабхонаҳои “Яккасарой”, “Дидор”, “Шаҳрисабз” ҷойҳои ифтихорӣ дода шуда, ба онҳо низ сипосномаю туҳфаҳои хотиравии шаҳрдолрии Душанбе тақдим гардид.
Котиботи шаҳрдорӣ тавзеҳ дод, ки дар асоси Низомнома тарзи дастархонороӣ, тарзи хизматрасонии пешхизмат, муносибати пешхизматону масъулини тарабхонаҳо бо мизоҷон, тарзи дурусти оро додани дастархон бо маҳсулоти хӯрока ва истифодаи санъати баланди ороишӣ ва ғояҳои мухталифи сарошпаз ва дигар нишондодҳо ба инобат гирифта шудаанд.