Барфу борону жола: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон дар бораи ҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевСнегопад в Душанбе
Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон, рӯзи 5 апрел ҳаво абрнок ва номусоид шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон бошиддат меборад. Дар ВМКБ барф ва дар Хатлону Суғд бориши жола дар назар аст
ДУШАНБЕ, 5 апр - Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст.
Дар ноҳияҳои алоҳида бориши бошиддат ба амал меояд. Бод аз сӯи ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм ва  рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 1  дараҷа сард то 4 дараҷа гарм мешавад, хабар мндиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.
Камнепад в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Санг ва селу тарма мефарояд: ҳушдори КҲФ аз ду рӯзи боришоти шадид
Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола аз эҳтимол дур нест. 
Бод аз сӯи ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳида борони бошиддат ва пуршиддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. 
Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида бориши бошиддат ва пуршиддат дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд.
Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо  шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6  дараҷа гарм ва рӯзона  4+9  дараҷа гарм мешавад.
Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  6+8 дараҷа гарм ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0