Санг ва селу тарма мефарояд: ҳушдори КҲФ аз ду рӯзи боришоти шадид

Камнепад в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз номусоид шудани боду ҳаво ҳушдор дода, мардумро ба эҳтиёткорӣ даъват мекунад
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Ожонси обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки тайи рӯзҳои 4 ва 5 – уми апрел ҳавои Тоҷикистон номӯътадил мешавад.
Туман в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Меғ мефарояд: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз
Ба иттилои манбаъ, давоми ин ду рӯз дар мамлакат боришоти шадиди борон, раъду барқ ва ҳамчунин боридани барф дар доманакӯҳҳо пешгӯӣ мешавад. Илова бар ин, боридани жола низ аз эҳтимол дур нест.
Манбаъ меафзояд, рӯзҳои 3 ва 4 – уми апред низ дар як қатор минтақаҳо вазидани шамоли сахт дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, хавфи фаромадани селу тарма ва инчунин сангрезӣ дар роҳҳои кӯҳӣ ҳамоно боқӣ мемонад.
КҲФ таъкид мекунад, ки рӯзҳои 4-5 апрел сатҳи об дар дарёҳо баланд мешавад.
Аз ҳисоби боришоти зиёд дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо хавфи лағжиши хок низ дар назар аст.
Дар ағбаҳо меғ мефарояд: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз
Бо вуҷуди номӯътадил омадани обу ҳаво, КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя кунанд ва аз сайругашт дар кӯҳҳо, чаронидани чорво, чидани занбӯруғ ва дигар зироатҳои дар ноҳияҳои кӯҳӣ парваришёфта худдорӣ кунанд. 
Кумита ба шаҳрвандон тавсия намедиҳад, ки дар ин рӯзҳо дар назди обанборҳо моҳидорӣ накунанд.
Лентаи хабарҳо
0