https://sputnik.tj/20210330/kay-chand-pul-posukhi-saforat-suoli-parvoz-Rusiya-1033099470.html
Посухи сафорат ба 10 суоли асосӣ дар бораи парвоз ба Русия: аз нарху ҳуҷҷат то транзит
Посухи сафорат ба 10 суоли асосӣ дар бораи парвоз ба Русия: аз нарху ҳуҷҷат то транзит
Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба суолҳои асосии шаҳрвандон атрофи барқарор шудани парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар посухҳоро нашр кардааст. Аз ҷумла киҳо, чӣ... 30.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-30T14:16+0500
2021-03-30T14:16+0500
2021-04-19T16:46+0500
ҳамаи хабарҳо
нақлиёт
сафорат
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
дар русия
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101734/38/1017343883_0:132:1600:1032_1920x0_80_0_0_a2bf8fca677de7741507b436f65137fe.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Сафорат аз он оғоз кардааст, ки парвозҳои мунтазам байни Маскав ва Душанбе рӯзҳои ҷумъа сар аз 2 апрел тавассути ширкати “Utair” ва рӯзҳои сешанбе аз 6 апрел тавассути “Somon Air” анҷом дода мешаванд. Таъкид шудааст, ки дар оянда шумораи парвозҳо зиёд карда мешаванд.Ба суол, ки киҳо метавонад ба Русия тавассути парвозҳои муқаррарӣ сафар кунанд, Сафорат таъкид намудааст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, инчунин шахсони дигар, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи иқомати доимӣ дар Тоҷикистонро доранд. Шаҳрвандони Русия низ метавонанд аз ин парвозҳо истифода кунанд.Дар мавриди ҳуҷҷатҳои зарурӣ зикр шудааст, ки барои сафар аз Душанбе ба Маскав, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд хулосаи аслии тиббиро бо забони русӣ дар бораи набудани сирояти коронавирус тариқи ташхиси "ПСР" дошта бошад, ки на пештар аз се рӯз то расидан ба Маскав анҷом дода шудааст.Сафорат ба суол дар мавриди сафари донишҷӯён тариқи ин парвозҳо посух додааст, ки он иҷозат дода шудааст, аммо бархе шартҳои дигари тартиби вуруди донишҷӯёнро зикр кардааст.Аз ҷумла бар асоси тартиби мақараркардаи мақомоти Русия, донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, бояд донишгоҳро тавассути почтаи электронӣ на камтар аз 10 рӯз пеш аз санаи вуруд ба Русия огоҳ кунанд. Пас аз фиристодани мактуб, онҳо дар бораи тартиби вуруд маълумоти муфассал мегиранд. Дар баробари ташхиси коронавирус, ки на дертар аз 3 рӯз пеш аз вуруд ба Русия, анҷом дода шудааст, инчунин донишҷӯёни тоҷик бояд дар давоми 72 соат пас аз вуруд ба Русия озмоиши дуввуми “ПСР”-ро супоранд. Пеш аз гирифтани натиҷаҳои ин санҷиш, донишҷӯён бояд низоми худинзивоъро риоя кунанд.Дар давраи хонашинӣ омӯзиш дар формати фосилавӣ сурат мегирад. Афроде, ки аз озмоиши такрорӣ нагузаштаанд, ба омӯзиши муқаррарӣ роҳ дода нахоҳанд шуд. Дар сурате агар донишҷӯён суолҳои иловагӣ дошта бошанд, метавонанд ба Маркази махсуси Вазорати маориф ва илми Русия тавассути телефони +7 (495) 198-00-00 ё почтаи электронии scminobr@mail.ru тамос гиранд.Ба суол, ки чаро барои донишҷӯён тартиби алоҳида вуҷуд дорад, Сафорат посух додааст, ки ин ба талаботи иловагӣ оид ба ташкили раванди таълим дар донишгоҳҳои Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ бо назардошти амнияти санитарию эпидемиологӣ вобаста аст.Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар мавриди нархи чиптаҳо изҳор доштааст, ки он аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо назардошти мавқеи мақомоти авиатсионии ду кишвар мустақилона муайян карда мешавад. Чиптаҳо ба фурӯши озод бароварда мешаванд.Дар мавриди парвозҳои чартерии ширкатҳои ҳавопаймоии Русия – Ural Airlines, UTair, S7 аз Тоҷикистон ба Русия иттилоъ дода шудааст, ки онҳо идома хоҳанд ёфт, аммо ҷадвали онҳо бо назардошти талабот тағйир дода хоҳад шуд.“Парвозҳои чартерии номбаршударо танҳо шаҳрвандони Русия ё шахсоне истифода бурда метавонанд, ки асосҳои зарурии дар қарори Ҳукумати Русия муқрарршударо доранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ё таҳсил ба Русия мераванд, наметавонанд бо парвозҳои чартерӣ парвоз кунанд”, - омадааст дар посухи сафорати Русия.Инчунин аз сафорат пурсида шудааст, ки оё шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд тавассути транзит тариқи кишварҳои сеюм, масалан Қазоқистон (Алма-Ато), АМА (Дубай), Туркия (Истанбул) ё Ӯзбекистон (Тошканд) ба Русия ворид шаванд?Сафорат посух додааст, ки танҳо он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки асосҳои зарурии муқараркардаи Ҳукумати Русияро доранд, метавонанд тариқи кишвари сеюм ба Русия ворид гарданд.Дар мавриди сафар ба Русия тавассути нақлиёти заминӣ сафорат таъкид намудааст, ки дар ҳоли ҳозир байни Русия ва Тоҷикистон танҳо иртиботи мустақими ҳавоӣ боз аст ва марзҳои заминӣ баста боқӣ мемонанд.
https://sputnik.tj/20210327/Parvoz-tojikiston-darvoza-havoi-boz-1033086699.html
https://sputnik.tj/20210327/parvoz-rusiya-tojikiston-1033084783.html
https://sputnik.tj/20210327/tojikiston-psrvoz-russia-1033084459.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101734/38/1017343883_177:0:1600:1067_1920x0_80_0_0_5bfbc77a08f095f747761a52a5cd1a6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, нақлиёт, сафорат, дар русия, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, нақлиёт, сафорат, дар русия, дар тоҷикистон
Посухи сафорат ба 10 суоли асосӣ дар бораи парвоз ба Русия: аз нарху ҳуҷҷат то транзит
14:16 30.03.2021 (Навсозишуда: 16:46 19.04.2021) Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба суолҳои асосии шаҳрвандон атрофи барқарор шудани парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар посухҳоро нашр кардааст. Аз ҷумла киҳо, чӣ гуна ва бо чанд пул метавонанд парвоз кунанду оё сафар тариқи кишвари сеюм ба Русия иҷозат аст
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Сафорат аз он оғоз кардааст, ки парвозҳои мунтазам байни Маскав ва Душанбе рӯзҳои ҷумъа сар аз 2 апрел тавассути ширкати “Utair” ва рӯзҳои сешанбе аз 6 апрел тавассути “Somon Air” анҷом дода мешаванд. Таъкид шудааст, ки дар оянда шумораи парвозҳо зиёд карда мешаванд.
Ба суол, ки киҳо метавонад ба Русия тавассути парвозҳои муқаррарӣ сафар кунанд, Сафорат таъкид намудааст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, инчунин шахсони дигар, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи иқомати доимӣ дар Тоҷикистонро доранд. Шаҳрвандони Русия низ метавонанд аз ин парвозҳо истифода кунанд.
Дар мавриди ҳуҷҷатҳои зарурӣ зикр шудааст, ки барои сафар аз Душанбе ба Маскав, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд хулосаи аслии тиббиро бо забони русӣ дар бораи набудани сирояти коронавирус тариқи ташхиси "ПСР" дошта бошад, ки на пештар аз се рӯз то расидан ба Маскав анҷом дода шудааст.
Сафорат ба суол дар мавриди сафари донишҷӯён тариқи ин парвозҳо посух додааст, ки он иҷозат дода шудааст, аммо бархе шартҳои дигари тартиби вуруди донишҷӯёнро зикр кардааст.
Аз ҷумла бар асоси тартиби мақараркардаи мақомоти Русия, донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, бояд донишгоҳро тавассути почтаи электронӣ на камтар аз 10 рӯз пеш аз санаи вуруд ба Русия огоҳ кунанд. Пас аз фиристодани мактуб, онҳо дар бораи тартиби вуруд маълумоти муфассал мегиранд. Дар баробари ташхиси коронавирус, ки на дертар аз 3 рӯз пеш аз вуруд ба Русия, анҷом дода шудааст, инчунин донишҷӯёни тоҷик бояд дар давоми 72 соат пас аз вуруд ба Русия озмоиши дуввуми “ПСР”-ро супоранд. Пеш аз гирифтани натиҷаҳои ин санҷиш, донишҷӯён бояд низоми худинзивоъро риоя кунанд.
Дар давраи хонашинӣ омӯзиш дар формати фосилавӣ сурат мегирад. Афроде, ки аз озмоиши такрорӣ нагузаштаанд, ба омӯзиши муқаррарӣ роҳ дода нахоҳанд шуд. Дар сурате агар донишҷӯён суолҳои иловагӣ дошта бошанд, метавонанд ба Маркази махсуси Вазорати маориф ва илми Русия тавассути телефони +7 (495) 198-00-00 ё почтаи электронии scminobr@mail.ru тамос гиранд.
Ба суол, ки чаро барои донишҷӯён тартиби алоҳида вуҷуд дорад, Сафорат посух додааст, ки ин ба талаботи иловагӣ оид ба ташкили раванди таълим дар донишгоҳҳои Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ бо назардошти амнияти санитарию эпидемиологӣ вобаста аст.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар мавриди нархи чиптаҳо изҳор доштааст, ки он аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо назардошти мавқеи мақомоти авиатсионии ду кишвар мустақилона муайян карда мешавад. Чиптаҳо ба фурӯши озод бароварда мешаванд.
Дар мавриди парвозҳои чартерии ширкатҳои ҳавопаймоии Русия – Ural Airlines, UTair, S7 аз Тоҷикистон ба Русия иттилоъ дода шудааст, ки онҳо идома хоҳанд ёфт, аммо ҷадвали онҳо бо назардошти талабот тағйир дода хоҳад шуд.
“Парвозҳои чартерии номбаршударо танҳо шаҳрвандони Русия ё шахсоне истифода бурда метавонанд, ки асосҳои зарурии дар қарори Ҳукумати Русия муқрарршударо доранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ё таҳсил ба Русия мераванд, наметавонанд бо парвозҳои чартерӣ парвоз кунанд”, - омадааст дар посухи сафорати Русия.
Инчунин аз сафорат пурсида шудааст, ки оё шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд тавассути транзит тариқи кишварҳои сеюм, масалан Қазоқистон (Алма-Ато), АМА (Дубай), Туркия (Истанбул) ё Ӯзбекистон (Тошканд) ба Русия ворид шаванд?
Сафорат посух додааст, ки танҳо он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки асосҳои зарурии муқараркардаи Ҳукумати Русияро доранд, метавонанд тариқи кишвари сеюм ба Русия ворид гарданд.
“Қисми боқимондаи шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла онҳое, ки бо мақсади кор ва таҳсил ба Русия сафар мекунанд, наметавонанд тавассути транзит тариқи кишварҳои сеюм вориди Русия шаванд”, - таъкид кардааст Сафорат.
Дар мавриди сафар ба Русия тавассути нақлиёти заминӣ сафорат таъкид намудааст, ки дар ҳоли ҳозир байни Русия ва Тоҷикистон танҳо иртиботи мустақими ҳавоӣ боз аст ва марзҳои заминӣ баста боқӣ мемонанд.