https://sputnik.tj/20210404/Vakilon-Tojikiston-teatr-1033130143.html
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба театр рафтанд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба театр рафтанд
Sputnik Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишномаи "Зол ва Рӯдоба" - ро тамошо кардаанд 04.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-04T09:00+0500
2021-04-04T09:00+0500
2021-04-19T16:55+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
фарҳанг
вакилон
намоишнома
тамошобинон
тамошо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032538392_0:153:2923:1797_1920x0_80_0_0_bb06a09855f9ad321ca96c4b2bfc4a01.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои маърифатию фарҳангӣ намоишномаи "Зол ва Рӯдоба"-и балети Шуҳрат Ашуровро аз рӯи асари "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ тамошо карданд.Дар ин бора хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки дар анҷоми намоиш "дар қасри Нимрӯз базми арӯсии Рӯдоба ва Зол баргузор мегардад. Ҳама аз пайванди ҷавонон шоданд. Сом тоҷро ба Зол бахшида, давлатдориро ба ӯ месупорад ва худ назди ҳамсари хушбахташ меравад. Зол дасти Рӯдобаро мегирад, нигоҳи онҳо ба ояндаи дурахшон аст…"Занон дар "Шоҳнома" аз беҳтарин қахрамонони асар ҳисоб меёбанд, ки дар душвортарин лаҳзаҳои ҳаёт ҷасорат ва мардонагӣ зоҳир менамоянд.Абулқосим Фирдавсӣ номвартарин шоир ва яке аз ситорагони дурахшандаи адабиёти тоҷику форс аст.Аксари муҳаққиқон "Шоҳнома"-и ӯро беҳтарин ҳамосаи адабиёти ҷаҳонӣ номидаанд.Симои қаҳрамонони ҳамосаи миллӣ дар адабиёти ҷаҳон ва марҳилаи инкишофи таьрихии адабиёти миллӣ яке аз проблемахои хеле ҷиддии илми адабиётшиносӣ мебошад.Дар "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ мафҳуми зан-модар хеле густурдаву доманадор аст. Зан-модар асоси ҷомеа, тавлидкунандаи хаёли инсоният, сутуни ҳар хонадон ва чароғи кошонаи тамоми мардуми рӯи олам мебошад.Зан-модар чун қаҳрамони саҳнаи пайкору набардҳо ба осори адабии мардуми Машриқзамин ворид шуда, на танҳо дар сарнавишти ақвоми ориёӣ, ҳамчунин дар адабиёти мардумони бурунмарзӣ таъсири бузург расонидааст.
https://sputnik.tj/20190506/Rahimzoda-va-zerdastonash-ba-teatr-raftand-1028835893.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032538392_162:0:2761:1949_1920x0_80_0_0_dd6c6bfcd36de6c30e75b9f61d8a0ba4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, фарҳанг, вакилон, намоишнома, тамошобинон, тамошо
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, фарҳанг, вакилон, намоишнома, тамошобинон, тамошо
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба театр рафтанд
09:00 04.04.2021 (Навсозишуда: 16:55 19.04.2021) Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишномаи "Зол ва Рӯдоба" - ро тамошо кардаанд
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои маърифатию фарҳангӣ намоишномаи "Зол ва Рӯдоба"-и балети Шуҳрат Ашуровро аз рӯи асари "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ тамошо карданд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар анҷоми намоиш "дар қасри Нимрӯз базми арӯсии Рӯдоба ва Зол баргузор мегардад. Ҳама аз пайванди ҷавонон шоданд. Сом тоҷро ба Зол бахшида, давлатдориро ба ӯ месупорад ва худ назди ҳамсари хушбахташ меравад. Зол дасти Рӯдобаро мегирад, нигоҳи онҳо ба ояндаи дурахшон аст…"
Занон дар "Шоҳнома" аз беҳтарин қахрамонони асар ҳисоб меёбанд, ки дар душвортарин лаҳзаҳои ҳаёт ҷасорат ва мардонагӣ зоҳир менамоянд.
Абулқосим Фирдавсӣ номвартарин шоир ва яке аз ситорагони дурахшандаи адабиёти тоҷику форс аст.
Аксари муҳаққиқон "Шоҳнома"-и ӯро беҳтарин ҳамосаи адабиёти ҷаҳонӣ номидаанд.
Симои қаҳрамонони ҳамосаи миллӣ дар адабиёти ҷаҳон ва марҳилаи инкишофи таьрихии адабиёти миллӣ яке аз проблемахои хеле ҷиддии илми адабиётшиносӣ мебошад.
Дар "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ мафҳуми зан-модар хеле густурдаву доманадор аст. Зан-модар асоси ҷомеа, тавлидкунандаи хаёли инсоният, сутуни ҳар хонадон ва чароғи кошонаи тамоми мардуми рӯи олам мебошад.
Зан-модар чун қаҳрамони саҳнаи пайкору набардҳо ба осори адабии мардуми Машриқзамин ворид шуда, на танҳо дар сарнавишти ақвоми ориёӣ, ҳамчунин дар адабиёти мардумони бурунмарзӣ таъсири бузург расонидааст.