ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кормандони милитсияро бо намоишномаи "Фирдавсӣ" ошно карданд. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохила хабар медиҳад.
Намоишномаи «Фирдавсӣ» аз рӯйи асари нависандаи тоҷик Сотим Улуғзода таҳия гардида, онро саркоргардони театр Султон Усмонов ба саҳна гузоштааст. Дар намоишномаи мазкур ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбони Собир нақши Фирдавсиро иҷро кардааст.
Ба иттилои манбаъ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба театр хайрамақдам гуфта, гуфтааст, ки имсол намоишномаи мазкур дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» дар байни 18 театри касбии кишвар сазовори шоҳҷоиза гардид.
"Намоишномаи «Фирдавсӣ» баёнгари дарду ранҷҳои шоир, тақдири пуршӯри «Шоҳнома»-и ӯ ва ихтилофҳову зиддиятҳои бадхоҳони давр аст",-гуфт ӯ.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон зимни суханронӣ ба намоишнома баҳои сазовор дода, изҳори сипоси роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро ба самъи ҳунармандон расонид.
"Намоишнома дар сатҳи баланди касбӣ омода гардида, тамошобинонро ба таври зинда ба таърихи ниёгони хеш ошно намуд. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз он як ҷаҳон маънӣ бардошта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар оянда низ баҳри хизмат ба халқу Ватан камари ҳиммат банданд",-гуфтааст Раҳимзода.
Мудири “Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ” Лутфулло Давлатзода аз робитаи хуби ин мақомот бо театр сухан ронда, ба кормандони милитсия барои ташрифашон изҳори сипос намудааст.