https://sputnik.tj/20210403/Shuroi-ulamo-Rustam-1033129238.html
Посухи Шӯрои уламо ба корбари носкаш, ки қасами занталоқ хӯрду ваъдаашро шикаст
Посухи Шӯрои уламо ба корбари носкаш, ки қасами занталоқ хӯрду ваъдаашро шикаст
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба суоли корбари сомонааш, ки бо занталоқ қасам хурдааст, ки дигар нос намекашад, аммо ин амалашро дигарбора такрор... 03.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-03T18:34+0500
2021-04-03T18:34+0500
2021-04-12T19:28+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
кумитаи дин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102418/72/1024187204_0:52:3065:1776_1920x0_80_0_0_26a3ca92468adb44ca85de5a20107538.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Рустам, як корбари сомонаи Шӯрои уламо навиштааст, нос мекашид, ҳамсараш ҷанҷол кард, ки нос накад ва кордро гирифтаву гуфтааст, ки агар қасам нахӯрад, худро мекушад."Ман барои гирифтани корд аз дасти ӯ гуфтам, ки “занталоқ бошам, ки намекашам”. Вале пас аз чанд моҳ боз нос кашидам. Оё дар никоҳи мо халале ворид шудааст?",- навиштааст Рустам. Шӯрои уламои Тоҷикистон посух додааст, ки азбаски шумо шарти гузоштаатонро шикастаед, ҳамсаратон як талоқи раҷъӣ шудааст ва бароятон таҷдиди никоҳ мустаҳаб аст.Набояд фаромӯш кард, ки нос кашидан ба саломатии инсон зарар дорад ва сабаби зоеъ шудани молу сарват мегардад, афзудааст, Шӯрои уламо."Дар хоб Президентро дидам": таъбири хобҳо аз Шӯрои уламоБа гуфтаи ин ниҳод, он маблағе, ки барои хариди нос харҷ мекунед, онро барои заруриёти зиндагӣ, масалан барои васоили хониши фарзандонатон сарф кунед, иншоаллоҳ дар зиндагатон баракат ҳосил мешавад.
https://sputnik.tj/20210322/Fatvoi-Shuroi-qasami-zantaloq-savgand-Khudo-Quron-1033047332.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102418/72/1024187204_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_585b39f507cb4deba4a0f869e78433c4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, кумитаи дин
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, кумитаи дин
Посухи Шӯрои уламо ба корбари носкаш, ки қасами занталоқ хӯрду ваъдаашро шикаст
18:34 03.04.2021 (Навсозишуда: 19:28 12.04.2021) Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба суоли корбари сомонааш, ки бо занталоқ қасам хурдааст, ки дигар нос намекашад, аммо ин амалашро дигарбора такрор кардааст ва оё ин ба никоҳаш халал ворид кард ё на, посух гуфт
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Рустам, як корбари сомонаи Шӯрои уламо навиштааст, нос мекашид, ҳамсараш ҷанҷол кард, ки нос накад ва кордро гирифтаву гуфтааст, ки агар қасам нахӯрад, худро мекушад.
"Ман барои гирифтани корд аз дасти ӯ гуфтам, ки “занталоқ бошам, ки намекашам”. Вале пас аз чанд моҳ боз нос кашидам. Оё дар никоҳи мо халале ворид шудааст?",- навиштааст Рустам.
Шӯрои уламои Тоҷикистон посух додааст, ки азбаски шумо шарти гузоштаатонро шикастаед, ҳамсаратон як талоқи раҷъӣ шудааст ва бароятон таҷдиди никоҳ мустаҳаб аст.
Набояд фаромӯш кард, ки нос кашидан ба саломатии инсон зарар дорад ва сабаби зоеъ шудани молу сарват мегардад, афзудааст, Шӯрои уламо.
Ба гуфтаи ин ниҳод, он маблағе, ки барои хариди нос харҷ мекунед, онро барои заруриёти зиндагӣ, масалан барои васоили хониши фарзандонатон сарф кунед, иншоаллоҳ дар зиндагатон баракат ҳосил мешавад.