https://sputnik.tj/20210322/Fatvoi-Shuroi-qasami-zantaloq-savgand-Khudo-Quron-1033047332.html
Фатвои Шӯрои уламо дар бораи қасами “занталоқ” ва савганд ба номи Худою Қуръон
Фатвои Шӯрои уламо дар бораи қасами “занталоқ” ва савганд ба номи Худою Қуръон
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳолатҳои қасамхӯриро, ки миёни мардуми кишвар роиҷ шудаанд, шарҳ додааст 22.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-22T13:07+0500
2021-03-22T13:07+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
фарҳанг
шӯрои уламо
шӯрои уламои ҷт
талоқ
қуръони карим
қасамёдкунӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102962/44/1029624467_0:85:1620:996_1920x0_80_0_0_a4794372e1fbad76de6eb35faac36cab.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Шӯрои уламои Тоҷикистон дар мавриди қасами “занталоқ” ва савганд ба номи Худою Қуръон изҳори назар кардааст.Як корбари сомонаи Шӯрои уламо, суол кардааст, ки оё қасам хӯрдан ба талоқ раво аст ва зан талоқ мешавад?Шӯро посух додааст, ки агар шахс чунин қасам хӯраду онро шиканад, талоқ воқеъ мешавад."Аз нигоҳи шариат фақат ба номҳо ва сифатҳои Худо бояд қасам хӯрда шавад. Бо вуҷуди ин, агар шахсе ба талоқи зан қасам хӯрад ва савгандашро шиканад, талоқ воқеъ мешавад", - посух додааст ин ниҳод.Қаблан ин ниҳод таъкид карда буд, ки қасам танҳо ба номи Аллоҳ ё ба сифати Ӯст, қасам ба ғайри ин ҷоиз нест, вале агар касе қасам хӯрад, ширк намешавад.Шӯро ба суол дар мавриди қасам додан ба Қуръон, посух дода буд, ки қасам бо Қуръони азимушаън аз нигоҳи аксари уламои ҳанафӣ дуруст аст.Ин ниҳод таъкид намуда буд, ки “қасам додан бо Қуръон имрӯз дар кишвари мо мақбул аст ва бисёртар мардум кӯшиш мекунанд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ якдигарро барои итминони комил ҳосил кардан ба Қуръон қасам бидиҳанд ва хотирҷамъ ҳам мешаванд”.
https://sputnik.tj/20200808/Habsu-parvanda-alayhi-tabiboni-Khujand-prokuror-guft-ba-qasami-khurdaaton-khiynat-nakuned-1031698515.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102962/44/1029624467_90:0:1530:1080_1920x0_80_0_0_66305a822545de7115a6324ef377bf85.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, шӯрои уламо, шӯрои уламои ҷт, талоқ, қуръони карим, қасамёдкунӣ, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, шӯрои уламо, шӯрои уламои ҷт, талоқ, қуръони карим, қасамёдкунӣ, дар тоҷикистон
Фатвои Шӯрои уламо дар бораи қасами “занталоқ” ва савганд ба номи Худою Қуръон
13:07 22.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳолатҳои қасамхӯриро, ки миёни мардуми кишвар роиҷ шудаанд, шарҳ додааст
ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Шӯрои уламои Тоҷикистон дар мавриди қасами “занталоқ” ва савганд ба номи Худою Қуръон изҳори назар кардааст.
Як корбари сомонаи Шӯрои уламо, суол кардааст, ки оё қасам хӯрдан ба талоқ раво аст ва зан талоқ мешавад?
Шӯро посух додааст, ки агар шахс чунин қасам хӯраду онро шиканад, талоқ воқеъ мешавад.
"Аз нигоҳи шариат фақат ба номҳо ва сифатҳои Худо бояд қасам хӯрда шавад. Бо вуҷуди ин, агар шахсе ба талоқи зан қасам хӯрад ва савгандашро шиканад, талоқ воқеъ мешавад", - посух додааст ин ниҳод.
Қаблан ин ниҳод таъкид карда буд, ки қасам танҳо ба номи Аллоҳ ё ба сифати Ӯст, қасам ба ғайри ин ҷоиз нест, вале агар касе қасам хӯрад, ширк намешавад.
Шӯро ба суол дар мавриди қасам додан ба Қуръон, посух дода буд, ки қасам бо Қуръони азимушаън аз нигоҳи аксари уламои ҳанафӣ дуруст аст.
Ин ниҳод таъкид намуда буд, ки “қасам додан бо Қуръон имрӯз дар кишвари мо мақбул аст ва бисёртар мардум кӯшиш мекунанд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ якдигарро барои итминони комил ҳосил кардан ба Қуръон қасам бидиҳанд ва хотирҷамъ ҳам мешаванд”.