Комроншоҳ 4 ҳарифашро мағлуб карду аз Ниман шикаст хӯрд

Комроншох Устопириён, архивное фото
Комроншох Устопириён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
Обуна шудан
Паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён барои ба даст овардани медали биринҷӣ аз Дэвид Клеммертиро низ мағлуб шуд
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Дар рӯзи ниҳоии мусобиқаи "Antalya Grand Slam 2021" мунтахаби кишварро ҷудочии шинохтаи тоҷик, Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кило муаррифӣ кард.
Бар хабари сомонаи Варзиш, Комроншоҳ дар даври аввали чорабинии мазкур бо намояндаи Австрия, Адам Борчашвили рақобат кард. Дар ин нерусанҷӣ варзишгари тоҷик ғолиб шуда, ба сабқати даври дуюм роҳ пайдо кард.
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Сайри ҷаҳонии ҷудо: мусобиқоти навбатӣ дар Анталия баргузор мешаванд
Дар даври дуюм Устопириён бо Сидорюк Александр рӯ ба рӯ шуда, дар ин қувваозмоӣ низ намояндаи Тоҷикистон дастболо шуд ва ба даври сеюм роҳ ёфт.
Дар даври мазкур Комроншоҳ аз сари роҳаш ҷоизадори нишони нуқраи Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон 2018 – Бездек Мартини чехиягиро дур карда, ба даври ¼ финал қадам гузошт.
Дар даври ¼ финал Комроншоҳ ба намояндаи Исроил - Ли Кохман пирӯзӣ ба даст оварда, ба даври ½ ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар нимфинал Комроншоҳ аз дасти Маркус Ниман дучори бохт шуд.
Ҳамин тавр, Комроншоҳ барои ба даст овардани медали биринҷӣ аз Дэвид Кламмертиро мағлуб шуда, зинаи 5-умро ишғол кард.
Лентаи хабарҳо
0