Сайри ҷаҳонии ҷудо: мусобиқоти навбатӣ дар Анталия баргузор мешаванд

© Sputnik / Стас ЭтвешПразднование Навруза в Москве на стадионе "Лужники"
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо – “World Judo Tour” бо Гранд Слами Анталия идома меёбад
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи олимпӣ, Гранд Слами Анталия дар Туркия аз 1 то 3 апрел баргузор мешавад.
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Ҷудокори тоҷик дар Тбилисӣ ҷойи сеюм ва 1500 доллар гирифт
Тибқи иттилои сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо, ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи навбатӣ 501 варзишгар, аз ҷумла 293 марду 208 зан аз 96 давлат дархост пешниҳод кардаанд.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, аз ҷумҳурӣ 3 варзишгари тоҷик – Шаҳбоз Саидаброров (-60кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) ба Анталия сафарбар гардиданд.
“Хароҷоти сафари Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар доираи Барномаи “Дастгирии молиявии варзишгарон – Токио-2020” пардохт карда шуд”, - таъкид кардааст Кумита. Ин панҷум мусобиқа дар доираи “World Judo Tour” дар соли равон мебошад.
Ҳафтаи гузашта Шаҳбоз Саидаброров дар Тбилиси медали биринҷӣ ба даст овард, ки аввалин медали ҷудочиёни тоҷик дар соли 2021 ба ҳисоб меравад.
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2020
Аз пирӯзии Маҷидовҳо то Қаландарова: беҳтарин ҷудокорони Тоҷикистон дақиқ шуданд-видео
Кумитаи олимпӣ таъкид намуд, ки чун дигар мусобиқаҳои ҷаҳонии ҷудо дар Гранд Слами Анталия низ варзишгарон барои ба даст овардани холҳои олимпӣ талош мекунанд. Ҳамчунин, ба ғолибону ҷоизадорон ба ғайр аз медал ҷоизапулӣ тақдим мегардад: ҷои якум – 5000 доллари ИМА, ҷои дуюм – 3000, ҷойи сеюм – 1500 доллари ИМА.
Ин ниҳод хотиррасон кардааст, ки муҳлати системаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио 28 июн ба анҷом мерасад.
"То он вақт ҷудочиёни мо имкони иштирок дар Чемпионати Осиё (Бишкек, 6-9 апрел), Гранд Слами Қазон (5-7 май) ва Чемпионати ҷаҳонро (Будапешт, 6-13 июн) доранд”, - таъкид шудааст дар иттилоия.
Пас аз натиҷагирии ҳамаи ин мусобиқаҳо шакли ниҳоии радабандии олимпӣ нашр мешавад, ки тибқи он 18 нафари аввали ҳар категорияи вазнӣ, бо дарназардошти дар як вазн як варзишгар аз ҳар КМО, инчунин тариқи радабандии қитъавӣ, (аз Осиё 10 нафар) ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро доранд, ки аз 23 июл то 8 августи имсол доир мешавад.
Лентаи хабарҳо
0