https://sputnik.tj/20210403/Bokhtar-terminal-pulguzaroni-qorat-1033126558.html
Дар Бохтар терминали пулгузаронӣ ғорат шуд: пулис "Зайдулло" - ро меҷӯяд
Дар Бохтар терминали пулгузаронӣ ғорат шуд: пулис "Зайдулло" - ро меҷӯяд
Sputnik Тоҷикистон
Кормадони милиса як дастандаркори ин ҷиноятро боздошт намуданд ва маълум гардид, ки ӯ танҳо набуда, балки дар ҳамдастӣ бо "Зайдулло" ном ҷавон ба ғорати... 03.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-03T13:20+0500
2021-04-03T13:20+0500
2021-04-22T16:52+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
терминал
пул
ғорат
бохтар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102423/37/1024233723_0:158:1973:1268_1920x0_80_0_0_c7996864440584d184241edaa81eb116.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Сокини 37 - солаи шаҳри Бохтар ба кормандони пулис шикоят намудааст, ки моҳи декабри соли гузашта, терминали пулгузаронии ӯ мавриди ғорат қарор гирифт, хабар медиҳад котиботи ВУД Тоҷикистон.Номбурда ба ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ омада, арз намудааст, ки терминали пулгузаронӣ дар кӯчаи Айнии ин шаҳр гузошта шуда буд ва пас аз ғорат ба ӯ 6 800 сомонӣ зарар расонида шуд.Зимнан, кормандони милиса як ҷавони 21 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Қубодиёнро дастгир намуданд, ки дар содир намудани ин ҷиноят муттаҳам дониста мешавад.Зимнан, пас аз бозпурсии гумонбаршаванда, муайян гардид, ки ӯ дар содир намудани ин ҷиноят танҳо набуда, балки дар ҳамдастӣ бо "Зайдулло" ном ҷавон, терминалро ғорат кардааст."Гумонбарон нахуст терминали маблағгузориро шикаста, сипас аз дохили он 80 ҳазор сомониро ба яғмо бурданд", - таъкид мешавад дар хабар.Ҳоло кормандони пулис "Зайдулло" - ро ҷустуҷӯ доранд. ВУД Тоҷикистон мегӯяд, тафтишоти ин ҳодиса ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20210309/Gorat-bonki-Arvand-telefon-noutbuk-choynik-1032968628.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102423/37/1024233723_117:0:1973:1392_1920x0_80_0_0_9ad363c4f3031204fb0199f546b83505.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, терминал, пул, ғорат, бохтар
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, терминал, пул, ғорат, бохтар
Дар Бохтар терминали пулгузаронӣ ғорат шуд: пулис "Зайдулло" - ро меҷӯяд
13:20 03.04.2021 (Навсозишуда: 16:52 22.04.2021) Кормадони милиса як дастандаркори ин ҷиноятро боздошт намуданд ва маълум гардид, ки ӯ танҳо набуда, балки дар ҳамдастӣ бо "Зайдулло" ном ҷавон ба ғорати терминал даст задааст
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Сокини 37 - солаи шаҳри Бохтар ба кормандони пулис шикоят намудааст, ки моҳи декабри соли гузашта, терминали пулгузаронии ӯ мавриди ғорат қарор гирифт, хабар медиҳад котиботи ВУД Тоҷикистон.
Номбурда ба ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ омада, арз намудааст, ки терминали пулгузаронӣ дар кӯчаи Айнии ин шаҳр гузошта шуда буд ва пас аз ғорат ба ӯ 6 800 сомонӣ зарар расонида шуд.
Зимнан, кормандони милиса як ҷавони 21 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Қубодиёнро дастгир намуданд, ки дар содир намудани ин ҷиноят муттаҳам дониста мешавад.
Зимнан, пас аз бозпурсии гумонбаршаванда, муайян гардид, ки ӯ дар содир намудани ин ҷиноят танҳо набуда, балки дар ҳамдастӣ бо "Зайдулло" ном ҷавон, терминалро ғорат кардааст.
"Гумонбарон нахуст терминали маблағгузориро шикаста, сипас аз дохили он 80 ҳазор сомониро ба яғмо бурданд", - таъкид мешавад дар хабар.
Ҳоло кормандони пулис "Зайдулло" - ро ҷустуҷӯ доранд. ВУД Тоҷикистон мегӯяд, тафтишоти ин ҳодиса ҷараён дорад.